ФУТБОЛ: имрӯз «Хуҷанд» бо дастаи «Нефтчӣ» рақобат мекунад
ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон-дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар доираи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 бозии ҷавобиро дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ба муқобили дастаи футболи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар сурати пирӯзӣ дастаи футболи «Хуҷанд» ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи қитъавӣ мушарраф шуда, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Дордой»-и Қирғизистон рақобат мекунад.
Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд аввалин бозияшро 19 феврал дар доираи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар сафар ба муқобили дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор намуда, бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон бозии ҷавобиро дар плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 26 феврал, соати 16:00, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор мекунад.








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






