Футболбозони тоҷик бар дастаи «Спартак»-и Москва ғолиб омаданд

Февраль 18, 2020 15:05

ДУШАНБЕ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз   дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол бозии сеюми санҷиширо дар кишвари Туркия баргузор намуд.

Ин маротиба шогирдони Мубин Эргашев бо дастаи дуюми «Спартак»-и Москва дидор анҷом доданд. Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи «Эвренсеки» хеле ҷолиб сурат  гирифта, бо ҳисоби  3:2 ба нафъи  футболбозони ҷавони  тоҷик хотима ёфт.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон Ислом Зоиров дар ин бозӣ се гол зад.

Бозии санҷишӣ

ТОҶИКИСТОН (U-19) – «Спартак» (ҷавонон) – 3:2

Голҳо: Ислом Зоиров (3) – Аслан Муталиев, Иля Левченков.

ТОҶИКИСТОН (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Алиҷон Кароматуллозода (Шоҳрух Сангов, 46), Исроил Холов, Муҳаммад Саломзода (Умедҷон Холиқов, 83), Шоҳрух Сангов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Ибрагим Зокиров, 83), Озодбек Панҷиев (Исмоил Алимардонов, 62), Ҳамадонӣ Камолов (Асадбек Зиезода, 76), Шарифбек Раҳматов (Шерзод Дадабоев, 76), Муҳаммадалӣ Азизбоев (Азизбек Ҳасанов, 62), Ислом Зоиров (Сунатулло Исмоилов, 83).

«Спартак» (ҷавонон): Александр Алексеев, Влад Саумов, Николай Толстопятов, Алберт Хабиров, Даниил Денисов, Иля Левченков, Марк Кротов (Иван Репях, 62), Даниил Григорев, Степан Мелников, Аслан Муталиев, Иля Голятов.

17 феврал. Манавгат, Туркия. Варзишгоҳи «Эвренсеки».

Бозиҳои боқимонда

19 феврал

ТОҶИКИСТОН (U-19) – «КФУМ Роскилле» (U-19, Дания)

22 феврал

ТОҶИКИСТОН (U-19) – ССКА (Москва, ҷавонон).

Февраль 18, 2020 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд