Футболбозони тоҷик бар дастаи «Спартак»-и Москва ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бозии сеюми санҷиширо дар кишвари Туркия баргузор намуд.
Ин маротиба шогирдони Мубин Эргашев бо дастаи дуюми «Спартак»-и Москва дидор анҷом доданд. Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи «Эвренсеки» хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 3:2 ба нафъи футболбозони ҷавони тоҷик хотима ёфт.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ислом Зоиров дар ин бозӣ се гол зад.
Бозии санҷишӣ
ТОҶИКИСТОН (U-19) – «Спартак» (ҷавонон) – 3:2
Голҳо: Ислом Зоиров (3) – Аслан Муталиев, Иля Левченков.
ТОҶИКИСТОН (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Алиҷон Кароматуллозода (Шоҳрух Сангов, 46), Исроил Холов, Муҳаммад Саломзода (Умедҷон Холиқов, 83), Шоҳрух Сангов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Ибрагим Зокиров, 83), Озодбек Панҷиев (Исмоил Алимардонов, 62), Ҳамадонӣ Камолов (Асадбек Зиезода, 76), Шарифбек Раҳматов (Шерзод Дадабоев, 76), Муҳаммадалӣ Азизбоев (Азизбек Ҳасанов, 62), Ислом Зоиров (Сунатулло Исмоилов, 83).
«Спартак» (ҷавонон): Александр Алексеев, Влад Саумов, Николай Толстопятов, Алберт Хабиров, Даниил Денисов, Иля Левченков, Марк Кротов (Иван Репях, 62), Даниил Григорев, Степан Мелников, Аслан Муталиев, Иля Голятов.
17 феврал. Манавгат, Туркия. Варзишгоҳи «Эвренсеки».
Бозиҳои боқимонда
19 феврал
ТОҶИКИСТОН (U-19) – «КФУМ Роскилле» (U-19, Дания)
22 феврал
ТОҶИКИСТОН (U-19) – ССКА (Москва, ҷавонон).








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид
Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад
Қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол доир шуд






