Корҳои сохтмонӣ ҷиҳати навсозии пули мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бомаром идома доранд
ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пули мошингарди хиёбони Исмоили Сомонӣ то буриши хиёбони Синои шаҳри Душанбе навсозӣ гардида, ҳамчунин равшанидиҳии хиёбони мазкур ба таври муосир ба роҳ монда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар минтақаи мазкур соли гузашта оғоз шуда буданд. Айни замон сохтмончиён ба бунёди мехсутунҳо дар даруни дарёи Душанбе машғул буда, дигар корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа бомаром идома доранд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, пиёдароҳ ва пули мазкур бахшида ба 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, лоиҳаи иншооти мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 8 майи соли равон аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» таҳия гардидааст. Лоиҳаи номбаршуда аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» татбиқ мегардад.
Тибқи қарори марбута, ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар асоси лоиҳаи дахлдор, пас аз дастрас намудани хулосаи экспертизаи он ва иҷозати Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ оғоз намудааст. Дар асоси ин қарори Раиси шаҳр Ҷамъияти мазкур баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ иншоотро барои мавриди истифода қарор додан ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод менамояд.










Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






