Хусрав Нозирӣ бо Лю Бин масъалаи пешгирии хуруҷи вируси нави коронаро баррасӣ намуданд

Февраль 6, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 феврал дар Душанбе муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот иқдомҳои муштараки ду давлат дар самти пешгирии хуруҷи вируси нави корона баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин росто Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни Чин, аз ҷумла Ухан (зиёда аз 45 донишҷӯи тоҷик) қарор доранд, дар тамоси доимӣ мебошад.

Сафорат бо мақомоти дахлдори кишвари маҳалли иқомат, Ҳукумати музофоти Хубэй ва шаҳри Ухан ва мактабҳои олие, ки дар он шаҳрвандони мо таҳсил мекунанд, дар алоқа буда, вазъиятро пайгирӣ менамояд.

Дар торнамои Сафорат муроҷиат ба шаҳрвандон бо зикри рақамҳои телефони шабонарӯзӣ ҷой дода шудааст. Шаҳрвандон метавонанд ба кормандони масъули Сафорат муроҷиат кунанд: Суҳроб Қодиров (+8618511786686), Амриддин Носиров (+8618514270747) ва Фаромуз Пирмухамедов (+8613522787975).

Дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи ба вируси корона мубтало шудан ба қайд гирифта нашудааст.

Ҷониби чинӣ айни замон масъалаи баровардани шаҳрвандони хориҷиро аз шаҳри Ухан баррасӣ надорад ва тавсия ҳам намедиҳад, зеро дар саросари музофоти мазкур карантин эълон шудааст.

Кумитаи давлатии Чин оид ба корҳои тандурустӣ иттилоъ дод, ки давраи инкубатсионии коронавируси нав аз 1 то 14 рӯз давом мекунад ва  вирус дар ин муддат ба одамони дигар имконияти сироят дорад.

Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни тоҷик аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, ҷониби Тоҷикистон ин иқдомро бо Ҳукумати Чин анҷом хоҳад дод.

Вазъияти мазкур зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Февраль 6, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон