Имрӯз паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи «Paris Grand Slam 2020» рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 08.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 7 феврал маросими қуръакашии мусобиқаи «Paris Grand Slam 2020» баргузор шуда, рақибони паҳлавонони тоҷик муайян гардиданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои номбурда, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило дар даври аввал озод аст ва рақобатро аз даври дуюм бар зидди варзишгари кишвари Самоа – Таи Тин Виллиам оғоз мекунад.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило, дар даври нахуст бо намояндаи кишвари Португалия – Хорхе Фернандес рӯи татамӣ мебарояд.
Паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Камолиддин Расулови ӯзбек қувва месанҷад.
Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври нахусти мусобиқаи мазкур бо гӯштингири кишвари Колумбия – Франсиско Баланта неруозмоӣ мекунад.
Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз +100 кило дар даври нахуст бар зидди намояндаи кишвари Муғулистон – Наидан Тувшинбаяр рақобат мекунад.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар «Paris Grand Slam 2020» беш аз 800 нафар варзишгарон аз 122 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Ин марҳилаи дуввуми «Силсилаи ҷаҳонӣ» пас аз «Grand Slam»-и моҳи январ дар Исроил аст.
Дар рӯзи аввали мусобиқа, рӯзи шанбе, барои медалҳо аз рӯи чор вазн миёни бонувон — 48, 52, 57 ва 63 кг ва се вазн миёни мардон — 60, 66 ва 73 кг қувваозмоиҳо сурат мегиранд.
Рӯзи якшанбе ғолибон ва ҷоизадорони ҳафт вазни боқимонда муайян мегарданд: 70, 78 ва +78 кг миёни бонувон ва 81, 90, 100 ва +100 кг миёни мардон. Ҳамагӣ барои 14 маҷмӯи медалҳо байни мардон ва бонувон бозӣ карда мешавад.
Аз рӯи натиҷаи ин мусобиқа, варзишгарон дар раддабандии олимпӣ хол ба даст меоранд.
Қобили тазаккур аст, ки дар соли олимпӣ аз рӯи тақвими Федератсияи байналмилалии дзюдо чунин мусобиқаҳо, ба монанди «Grand Slam»-и Париж ҳамчунин дар Дюсселдорфи Германия (моҳи феврал), Екатеринбурги Россия (моҳи март) ва Бокуи Озарбойҷон (моҳи май), ки барои Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио рейтингӣ ҳисобида мешавад, баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки паҳлавони тоҷик, чемпиони ҷаҳон миёни наврасон Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар вазни то 73 кило садрнишин гардид.
Пас аз пирӯзӣ дар чемпионати ҷаҳон соли гузашта, ӯ дар раддабандӣ аз ҷои 58-ум ба ҷои аввал баромад. Сомон 559 имтиёз ба даст оварда, бо тафовути 8 имтиёз аз варзишгари Молдавия Виктор Стерпа пеш гузашт.
Ба садгонаи беҳтарин ҳамчунин даҳ паҳлавони дигари Тоҷикистон шомил шуданд.
Аз миёни онҳо ба панҷоҳгонаи беҳтарин Ҷаҳонгир Маҷидов (дар ҷои 8-ум), Меҳрзод Суфиев (дар ҷои 25-ум), Шарифҷон Назриев (дар ҷои 26-ум), Муҳаммадризо Қувватов (дар ҷоий 27-ум) ва Шодмон Ризоев (дар ҷои 35-ум) шомил шуданд.
Бояд зикр кард, ки ширкаткунандагони «Paris Grand Slam 2020», инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Гӯштигирони тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






