Имрӯз паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи «Paris Grand Slam 2020» рақобат мекунанд

Февраль 8, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 08.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми  7  феврал  маросими қуръакашии мусобиқаи «Paris Grand Slam 2020» баргузор шуда,   рақибони паҳлавонони  тоҷик муайян гардиданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба  иттилои номбурда, Беҳрӯзи Хоҷазода  дар вазни  то  73 кило дар даври аввал озод аст ва рақобатро аз даври дуюм бар зидди варзишгари  кишвари Самоа – Таи Тин Виллиам оғоз мекунад.

Сомон   Маҳмадбеков дар вазни то  73 кило, дар даври нахуст бо намояндаи кишвари Португалия – Хорхе Фернандес рӯи татамӣ мебарояд.

Паҳлавони  дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Камолиддин Расулови ӯзбек қувва  месанҷад.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври нахусти мусобиқаи мазкур бо гӯштингири кишвари Колумбия – Франсиско Баланта неруозмоӣ мекунад.

Шакармамад Мирмамадов дар вазни  беш аз +100  кило дар даври нахуст бар зидди намояндаи кишвари Муғулистон – Наидан Тувшинбаяр рақобат мекунад.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар «Paris Grand Slam 2020» беш аз 800 нафар варзишгарон аз 122 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Ин марҳилаи дуввуми «Силсилаи ҷаҳонӣ» пас аз «Grand Slam»-и моҳи январ дар Исроил аст.

Дар рӯзи аввали мусобиқа, рӯзи шанбе, барои медалҳо аз рӯи чор вазн миёни бонувон — 48, 52, 57 ва 63 кг ва се вазн миёни мардон — 60, 66 ва 73 кг қувваозмоиҳо сурат мегиранд.

Рӯзи якшанбе ғолибон ва ҷоизадорони ҳафт вазни боқимонда муайян мегарданд: 70, 78 ва +78 кг миёни бонувон ва 81, 90, 100 ва +100 кг миёни мардон. Ҳамагӣ барои  14 маҷмӯи медалҳо байни мардон ва бонувон бозӣ карда мешавад.

Аз рӯи натиҷаи ин мусобиқа, варзишгарон дар раддабандии олимпӣ хол ба даст меоранд.

Қобили тазаккур  аст, ки дар соли олимпӣ аз рӯи тақвими Федератсияи байналмилалии дзюдо чунин мусобиқаҳо, ба монанди «Grand Slam»-и Париж ҳамчунин дар Дюсселдорфи Германия (моҳи феврал), Екатеринбурги Россия (моҳи март) ва Бокуи Озарбойҷон (моҳи май), ки барои Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио рейтингӣ ҳисобида мешавад, баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем,  ки паҳлавони тоҷик, чемпиони ҷаҳон миёни наврасон Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар вазни то 73 кило садрнишин гардид.

Пас аз пирӯзӣ дар чемпионати ҷаҳон соли гузашта, ӯ дар раддабандӣ аз ҷои 58-ум ба ҷои аввал баромад. Сомон  559 имтиёз ба даст оварда, бо тафовути 8 имтиёз аз варзишгари Молдавия Виктор Стерпа пеш гузашт.

Ба садгонаи беҳтарин ҳамчунин даҳ паҳлавони дигари Тоҷикистон шомил шуданд.

Аз миёни онҳо ба панҷоҳгонаи беҳтарин Ҷаҳонгир Маҷидов (дар ҷои 8-ум), Меҳрзод Суфиев (дар ҷои 25-ум), Шарифҷон Назриев (дар ҷои 26-ум), Муҳаммадризо Қувватов (дар ҷоий 27-ум) ва Шодмон Ризоев (дар ҷои 35-ум) шомил шуданд.

Бояд зикр кард, ки ширкаткунандагони «Paris Grand Slam 2020», инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Гӯштигирони тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.

Февраль 8, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт
ФУТБОЛ. Истиқлол» бар «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» бар «Хуҷанд» ғалаба намуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омад
«Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Ҳисор бозии дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо мунтахаби олимпии Қирғизистон доир мешавад