Кӣ метавонад дар интихобот иштирок кунад? Саволу ҷавоб оид ба иштирок дар овоздиҳӣ
ДУШАНБЕ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. То баргузории интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзҳои башумор боқӣ монда, корҳои омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд ҷараён доранд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» муҳимтарин масъалаҳоро дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии маъракаи интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маҷмӯаи саволу ҷавобҳо доир ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст, манзури хонандагон мегардонад.
Савол: Интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ чӣ гуна сурат мегирад?
Ҷавоб: Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди ҳисоб (квота) муқаррар карда намешавад.
Савол: Иштирок дар интихобот чӣ гуна сурат мегирад?
Ҷавоб: Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад.
Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси ҳуқуқи интихоботии бавосита бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад ва аз чор як ҳиссаи онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад.
Савол: Кӣ метавонад дар интихобот иштирок кунад ва кӣ чунин ҳуқуқ надорад?
Ҷавоб: Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк, ҳуқуқи интихоб кардан доранд.
Шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.
Савол: Оё ба ҷои шахси дигар овоз додан мумкин аст, масалан метавон ба ҷои шавҳар, фарзанд ва дигар аҳли хонавода овоз дод?
Ҷавоб: Не, ба ҷои шахси дигар овоз додан мумкин нест. Ҳар як интихобкунанда бояд шахсан худаш овоз диҳад.
Савол: Дар ҳолати бемор будан ва дар интихобот иштирок карда натавонистани интихобкунандагон чӣ тадбир андешида мешавад?
Ҷавоб: Агар баъзе интихобкунандагон ба сабаби беморӣ ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба аъзои ҷудогонааш супориш медиҳад, ки дар маҳалли зисти интихобкунандагони мазкур дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимод овоздиҳӣ ташкил намоянд ва дар ин хусус дар рӯйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад.
Савол: Вақти иштирок дар интихобот чӣ қадар муайян гардидааст?
Ҷавоб: Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6:00 то 20:00 гузаронида мешавад.
Савол: Натиҷаи интихобот ба Маҷлиси намояндагон чӣ гуна муайян карда мешавад?
Ҷавоб: Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот комиссияҳои ҳавзавии интихобот натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва натиҷаи овоздиҳиро дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вобаста ба ҳудуди худ муқаррар намуда, онро фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод мегардонад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот натиҷaи овоздиҳиро дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Савол: Масъалаи ташкилу баргузорӣ ва натиҷагирӣ аз интихоботи Маҷлиси Олиро кадом ниҳод ба уҳда дорад?
Ҷавоб: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия) мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқиро ташкил мекунад ва мегузаронад, ба низоми комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад, инчунин ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатро назорат карда, риоя ва татбиқи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсиро таъмин менамояд.
Комиссия мақоми дастаҷамъӣ буда, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил мебошад, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.
Савол: Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон чанд ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешавад?
Ҷавоб: Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи мақоми салоҳиятдор 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатӣ таъсис дода мешавад.
Инчунин барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рӯйхаташон аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудааст, як ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда мешавад.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






