Майкл Пампео ба шаҳри Тошканд барои иштирок дар мулоқоти вазирон таҳти унвони Осиёи Марказӣ — ИМА ташриф овард

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон омад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба НИА «УзА».
Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримов Майкл Помпеоро вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Адулазиз Комилов, Сафири Фавқулода ва Мухторри ИМА дар Ӯзбекистон Дэниел Розенблюм ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Зимни сафари дурӯза баргузории гуфтушунидҳои дутарафа миёни Котиби давлатии ИМА ва вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар назар аст. Майкл Помпео ва Абдулазиз Комилов ҷараёни татбиқи созишномаҳоеро, ки дар доираи саммити моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Вашгинтон баргузоргаштаи Ӯзбекистону Амрико дар сатҳи олӣ ба даст омаданд, муҳокима намуда, оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва амнияти минтақавӣ табодули назар мекунанд.
Қабл аз ин роҳбари котиби давлатии ИМА аз шаҳрҳои Минск ва Нур-Султон дидан кард, ки он ҷо бо президентон Александр Лукашенко ва Қосим-Жомарт Тоқаев, ҳамчунин бо вазирони корҳои хориҷии Беларус ва Қазоқистон Владимир Макей ва Мухтор Тлеуберди гуфтушунидҳо доир намуд.
Зикр шудааст, ки 3 феврал Майкл Помпео дар мулоқоти вазирон дар қолаби «Осиёи Марказӣ – ИМА («C5+1») дар шаҳри Тошканд иштирок хоҳад кард.
Ин форуми гуногунҷабҳа дар қолаби «С5+1» (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ИМА моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанд дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва роҳбарияти Департаменти давлатии ИМА таъсиис ёфта буд. Чунончи, ташаббускорони форум изҳор дошта буданд, ки мақсади он вусъат додани ҳамкории дохилиминтақавӣ ва муносибатҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА дар иқтисодиёт, ҳифзи муҳити зист ва бехатарӣ мебошад.
Намояндагони расмии иштирокчиёни форум ба неруи он, ки ба ақидаи онҳо метавонад «уфуқҳои навро барои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА кушояд», баҳои баланд медиҳанд. Ҳамзамон бисёр коршиносон бар он ақидаанд, ки иштирок дар форуми «С5+1» давоми амалиёти ИМА оид ба афзоиш додани таъсири худ дар минтақа аст, ки ҳадафи ниҳоияш танг карда баровардани Россия ва Чин аз он мебошад.