Масъулини шаҳри Душанбе ба аёдати сарбозони бистарии госпитали ҳарбии Вазорати мудофиа рафтанд
ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аёдати сарбозони бистарии госпитали ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ бо вазъи будубош ва ҷараёни табобати сарбозон дар Госпитали мазкур шинос шуда, аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе онҳоро ба муносибати таъсиси Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Мавсума Муинӣ зикр кард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҳар як ҷавонмарди асил аст ва беҳуда онро мактаби мардонагӣ наномидаанд.
Сипас ба сарбозони бистарӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.








ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд






