МУШКИЛОТ ВА МУЛОҲИЗА. Зарфҳои пластикӣ: табиат ва саломатии худро ҳифз намоем

Февраль 12, 2020 15:38

ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  «Яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ мебошад. Аз ин мушкилоти рӯз ҷомеаи Тоҷикистон низ истисно нест», — навиштааст  нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар шумораи  7 феврал.   Воқеан ҳам ҳамин тавр аст. Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, агар то соли 2050 одамон аз истифодаи зарфу борхалтаҳои пластикӣ даст накашанд, дар уқёнуси ҷаҳонӣ аз моҳӣ дида партовҳо бештар мешаванд. Расо як сол пеш, моҳи марти соли 2019 ин масъала муддати панҷ рӯз дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ дар Найроби (Кения) мавриди баҳсу баррасии қариб 5 ҳазор ширкаткунандагон – вазирон, донишмандон ва соҳибкорон қарор гирифта буд. Дар натиҷаи ин ҷаласа МУ СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он дар муддати 10 соли оянда бояд 170 кишвари олам истифодаи пластикаро маҳдуд намоянд. Аммо чандин кишварҳо мунтазири ин муҳлат нашуда, дар ин роҳ аллакай тадбирҳо андешидаанд. Аз ҷумла, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бояд аз оғози соли 2021 аз истифодаи маводи плдастикӣ пурра даст кашанд. Дар Франсия ва Литва аллакай истифодаи чунин мавод манъ карда шудааст. Дар Гурҷистон, Украина, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ истифодаи пластика маҳдуд сохта шудааст. Дар кишварҳои дигар, амсоли ИМА, Россия, Тоҷикистон ва ғайра ба чунин тасмим тайёрӣ мебинанд ва чунин меандешанд, ки ин гуна тадбирҳо бояд тадриҷан ва давра ба давра роҳандозӣ карда шаванд.

Мақолаи «Ҷавонони Тоҷикистон», ки дар зер матни онро пешкаши хонандагон мегардонем, маҳз дар ҳамин бора нақл мекунад.   

Кишварҳои пешрафтаи дунё барои даст кашидан аз зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ кӯшишҳо карда истодаанд. Чунки пластик садсолаҳо дар замин меистаду намепӯсад, вале ба саломатии инсон зарар мерасонад Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки имрӯз аз навъҳои дигари зарфу борҷомаҳо истифода барему бо ин васила муҳити зист ва саломатии  худро муҳофизат намоем.

Имрӯз баҳри истифодаи камтари зарфу борҷомаҳои пластикӣ дар шаҳри Душанбе навиштаҷоти овезон, хусусан дар роҳҳои марказӣ, ба монанди «Аз истифодаи пластик худдорӣ намоед!»-ро вохӯрдан мумкин аст, ки ин гуна навиштаҷот барои баланд бардоштани маърифати экологии мардум нақши бағоят бузург мебозад.

Дар робита ба ин мавзӯъ Мақсатулло Мардонов, сардори Шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз дошт:

«Навиштаҷоте, ки дар шаҳри Душанбе ва шоҳроҳҳо овезон карда шудааст, аз тарафи мо ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки чунин навиштаҷот маънои онро доранд, ки мардум бояд оид ба истифодаи маҳсулоти пластикӣ, аз ҷумла, халтаҳои полиэтилении тунук ва ҷамъовариву безараргардонии он маълумот дошта бошад, ҳамчунин  ин гуна плакатҳо  барои баланд бардоштани маърифати экологии мардум ва кам кардани зарарнокии зарфҳои пластикӣ овезон карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки зарфҳои пластикӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба яке аз мушкилоти мубрами рӯз табдил гаштаанд. Вале  ин мушкилот роҳҳои ҳалли худро дорад: ба монанди баланд бардоштани маърифати экологӣ, тартиби истифодаи дурусти чунин маводҳо  ва безарар гардонидани онҳо».

Ҳамчунин мутахассисону коршиносон таъкид менамоянд, ки зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилениро набояд баъд аз истифода бурданашон сӯзонд ва ё дар кӯчаҳо партофт, зеро онҳо аз худ заррачаҳои махсуси заҳролудр хориҷ мекунанд, ки ҳам ба муҳити зист ва ҳам ба худи инсон таъсири манфӣ мерасонанд.

«Мо барои кам истифода бурдани зарфу борҷомаҳои пластикӣ аз ҷамоатҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳурӣ вохӯриву нишастҳо гузаронидем ва  дар он  ҳамоишҳо  зарари зарф ва борҷомаҳои пластикиро ба мардум фаҳмонидем ва барои кам кардани зарф ва борҷомаҳои пластикӣ ба чанде аз корхонаву коргоҳҳои ватанӣ маслиҳатҳо низ додем.

Зикр намудан бамаврид аст, ки чунин зарфу борҷомаҳои пластикӣ бисёртар дар мағозаву ошхонаҳои калон мавҷуданд, ки мо аллакай бо роҳбарони онҳо низ ҳамсуҳбат шудем, онҳо мегӯянд, ки дар сурати истеҳсоли борҷомаҳои ғайрипластикӣ мо тайёрем, ки аз ҳар чизи зарараш камтар истифода барем», — иброз дошт Мақсатулло Мардонов.

Дар ин росто, соли гузашта ба Ҳукумати кишвар аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои даст кашидан аз истифодаи борҷомаҳои пластикӣ ва рӯ овардан ба халтаҳои қоғазин пешниҳод шуда буд.

«Албатта, мо дарҳол аз истифодаи ин навъ зарфу борҷомаҳо даст кашида наметавонем, лекин метавонем давра ба давра тарзҳои безараргардонии онро ба муҳити зист, коркарди дубораи онро ба роҳ монда, навъҳои латтагӣ ва қоғазии зарфу борҷомаҳоро ба роҳ монем.

Агарчи дар ҷумҳурии мо қоғаз камтар аст, лекин мо ба таври лозима пахта дорем ва аз навъи пасттарини он метавонем борҷомаву халтаҳои латтагӣ омода созем. Сараввал мо ин навъи халтаҳои латтагиро ба марказҳои савдои бузургтар ва ба бозорҳо пешкаш мекунем, то ин ки савдогарон ва харидорон аз он истифода баранд. Гарчанде халтаҳои латтагӣ нисбати дигар халтаҳо қимматтар ҳам бошанд, лекин истифодаашон даҳҳо маротиба зиёдтар аз халтаҳои полиэтиленӣ аст. Хубии борҷомаҳои пахтагӣ дар он аст, ки дар ҳолати партофтанашон баъди 4-5 моҳ пӯсида, ба порӯ мубаддал мешаванд»,- илова намуд Мақсатулло Мардонов.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз давлатеро вохӯрдан ғайриимкон аст, ки аз зарфу борҷомаҳои пластикӣ истифода набарад, лекин онҳо то андозае истифодаи онҳоро кам кардаанд.

Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки ба табиат чун ба  худ рафтор намоем, зеро ҳар зиёне ба табиат расад, он албатта ба инсон ҳам таъсири манфии худро мерасонад. Аз зарфҳои пластикӣ, ки дар соҳилҳо мепартоянд, имрӯз моҳиҳо ва ҳайвоноти зериобӣ хӯрда,  ба ҳалокат мерасанд. Агар мо имрӯз ба табиат хуб рафтор намоем, табиат низ ба мо  посухи мусбат медиҳад, зеро инсон ва табиат ду ҷисми ҷондор ва ба ҳам вобастаанд.

Хонандагони азиз, биёед кам ҳам бошад, аз намудҳои қоғазиву латтагии борҷомаҳо истифода барем ва ба ин васила ҳам саломатӣ ва ҳам табиати худро ҳифз намоем. Зеро ҳар балое, ки ба сари табиат имрӯз омада истодааст, натиҷаи таъсири кору пайкори худи мо,  инсонҳост.

Февраль 12, 2020 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
Ба занону духтарони ноҳияи Рашт татбиқи стратегияҳои миллӣ фаҳмонида мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад