Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 08.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дар ҷаласае, ки дар ҳузури муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ ва масъулини Идораи назорати суғуртавӣ доир гардид, баррасӣ шуд.
Ҳамидулло Машрабзода дар назди роҳбарону масъулини ташкилотҳои суғуртавӣ иброз дошт, ки бахши суғурта ҳамчун низоми ҳимоя ва дастгирии манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти таъмини бехатарии ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк унсури асосии иҷтимоию иқтисодии давлат ва ҷомеа маҳсуб ёфта, барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, суғурта яке аз соҳаҳои муҳими бозори молиявии давлат буда, рушди он тақозои замон аст.
Сардори Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Дилбар Ҳусейнова зимни таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии ташкилотҳои суғуртавӣ оид ба тамоюли бозори суғуртавӣ, воридоти мукофоти суғуртавӣ аз рӯи шаклҳо ва намудҳои суғурта, пардохти ҷуброни суғуртавӣ аз рӯи шаклҳо, сохтори сандуқи суғуртавӣ ва нишондиҳандаҳои азнавсуғуртакунӣ маълумоти дақиқ дод.
Ҳамзамон роҳбарону намояндагони масъули ташкилотҳои суғуртавии мамлакат доир ба фаъолияти соҳа ибрози назар намуданд. Дар анҷом ба ташкилотҳои суғуртавӣ барои саҳмгузорӣ дар бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дар асоси рақобати солим ба роҳ мондани фаъолият дастуру тавсияҳо дода шуд.








Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар доираи Sibos 2026 ҳамкории Тоҷикистон бо SWIFT баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид






