ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад

Февраль 10, 2020 08:05

ДУШАНБЕ, 10.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф ба амал меояд. Дар  ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 0-5 то  5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 23-28 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат борида, шамол  аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, борон меборад.  Дар  баъзе ноҳияҳо боридани борони бошиддат дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар назар буда,  дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 0-5 то 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона аз  3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 4+6  ва  рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 10, 2020 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид