Ғолибони «Озмуни дастархонороӣ» дар Душанбе муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахт даври шаҳрии «Озмуни дастархонороӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он ғолибони 4 ноҳияи шаҳр, ки бо санъати баланд дар эҳёи анъанаҳои дастархонороӣ саҳм гузоштанд, ҳунари худро пешкаши иштирокдорон намуданд. Ҳакамон ғолибони озмунро муайян карданд. Ҷойи якум ба дастархонороёни ноҳияи Сино (маблағи 5000 сомонӣ), ҷойи дуюм ба ноҳияи Фирдавсӣ (3000 сомонӣ) ва ҷойи сеюм ба ноҳияи Шоҳмансур (1000 сомонӣ) муносиб дониста шуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «Озмуни дастархонороӣ» дар се давр гузаронида шуда, ғолибони даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҳуқуқи иштирок дар сатҳи ҷумҳуриявиро пайдо намуданд. Ҳунари иштирокчиёни озмун аз рӯи сарфакорона ва моҳирона оростани дастархони зебо, риояи анъанаҳои миллӣ ҳангоми оростан ва ба замона мутобиқат намудани он баҳогузорӣ гардид.
Озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2020 доир гардида, ҳадафи он сарфакорона ва моҳиронаву ҳунармандона оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо маҳсуб мешавад.
Миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст.
Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таъомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандони он на фақат маъракаҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукӯҳи идонаи миллиро зебу зиннати хоса мебахшад.












Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






