Ҷоми ФФТ: «Истиқлол», «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ» ва КМВА «Помир» ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфтанд

Февраль 11, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон-2020 дар минтақаи Душанбе анҷом ёфтанд. Ин мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Ҳамин тавр дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, «Локомотив-Помир»-и Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  ва КМВА «Помир»-и Душанбе  ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфтанд.

Ҷоми ФФТ-2020

Марҳилаи муқаддамотӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

«Локомотив-Помир» – «Шоҳмансур» – 12:0

Голҳо: Шоҳрух Сангов, 5 (1:0). Муҳаммад Гулназарзода, 9 (2:0). Эмомалӣ Аҳмадхон, 14 (3:0). Эмомалӣ Аҳмадхон, 25 (4:0). Ислом Зоиров, 27 (5:0). Муҳаммад Гулназарзода, 41 (6:0). Муҳаммад Гулназарзода, 42 (7:0). Анушервон Мусоев, 72 (8:0). Муҳаммад Гулназарзода, 74 (9:0). Муҳаммад Саломзода, 75 (10:0). Азизбек Ҳасанов, 76 (11:0). Исроил Холов, 86 (12:0).

«Истиқлол» – «Кӯктош» – 1:0

Гол: Шаҳбоз Эркинов, 71.

Гурӯҳи «Б». Даври 3-юм

«Ваҳдат» – «Душанбе-83» – 0:10

Голҳо: Самариддин Расулов, 30 (0:1). Элчибек Рашидбеков, 35 (0:2). Фарҳод Қосимов, 47 (0:3). Элчибек Рашидбеков, 56 (0:4). Идрис Амину, 57 (0:5). Далер Ризоев, 59 (0:6). Идрис Амину, 67 (0:7). Далер Ризоев, 73 (0:8). Эймос Бабу, 83 (0:9). Далер Ризоев, 89 (0:10).

КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» — 2:3

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 42 (1:0). Шодибек Ғаффоров, 48 (2:0). Хоҷиакбар Узоқов, 50 (2:1). Алишер Холмуродов, 53 (2:2). Алишер Холмуродов (2:3)

Ёдовар  мешавем, ки бозиҳои даври дуюми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон-2020, ки  дар минтақаи Душанбе 2 идома доштанд, ба анҷом расиданд.  Рӯзҳои 4-6 феврал бозиҳо дар гурӯҳи «Б» баргузор гардида буданд. Дастаи футболи  КМВА «Помир»-и Душанбе бар дастаи «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 6:0 ғолиб омада, аввалин иштирокчии марҳилаи ниҳоии мусобиқа шуд.

Вохӯрии дигар  миёни дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Душанбе-83»-и Душанбе  бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт.

Ҷоми ФФТ-2020

Марҳилаи муқаддамотӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «Б». Даври 2-юм

КМВА «Помир» – «Ваҳдат» – 6:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 42 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 56 (2:0). Дилшод Восиев, 69 (3:0). Шервонӣ Мабатшоев, 75 (4:0). Нодирбек Ибрагимов, 79 (5:0). Нодирбек Ибрагимов, 90+1 (6:0).

«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83» – 1:1

Голҳо: Шерзод Маҳмадиев, 22 (1:0). Элчибек Рашидбеков, 71 (1:1).

Хотиррасон менамоем, ки  5 феврал дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон-2020  ду рақобати  ҷолиб  сурат гирифт. Дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби калони 8:1 намояндаи Лигаи якуми Тоҷикистон- дастаи футболи «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанберо мағлуб намуд. Дар вохӯрии дигар дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бар дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад.

Ҷоми ФФТ-2020. Марҳилаи муқаддамотӣ.

Минтақаи Душанбе. Гурӯҳи «А». Даври 2-юм.

«Кӯктош»– «Шоҳмансур» 8:1

Голҳо: Фирӯз Қараев – 22; 28; Азизбек Султонов – 35; Абдурасул Раҳмонов – 65;68;82; Муҳаммад Гулаев – 72; Собирҷон Холматов – 88. – Қосим Музаффаров – 43.

«Истиқлол» – «Локомотив-Помир» 4:0

Голҳо: Шериддин Бобоев – 20; Шаҳбоз Эркинов – 21; Табрези Давлатмир – 29; 35.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои даври аввали марҳилаи пешакии Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон-2020, ки дар шаҳри Душанбе   баргузор гардида буданд, ба анҷом расиданд

Бояд  зикр кард, ки  Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ сурат гирифт. Дар марҳилаи пешакӣ мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон доир  гардиданд.

Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе, ки 31  январ оғоз ёфт, ҳашт даста бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и  Душанбе, «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Локомотив-Помир»-и Душанбе ва «Шоҳмансур»-и  Душанбе дохиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  баргузор гардиданд.

Ба гурӯҳи «Б»  дастаҳои футболи  футболи  КМВА «Помир»-и Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Ваҳдат»-и Ваҳдат ва «Душанбе-83»-и Душанбе  шомиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шудаанд.

Дар даври аввал дар гурӯҳи «А» дастаҳои  «Локомотив-Помир» бар «Кӯктош» бо ҳисоби 2:1, «Истиқлол» бар «Шоҳмансур» бо ҳисоби 13:0 ғолиб омаданд. Дар гурӯҳи «Б» футболи  КМВА «Помир» бар «Душанбе-83» бо ҳисоби 3:0, «Регар-ТадАЗ» бар «Ваҳдат» бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуданд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои даври дуюми Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе  6  феврал баргузор  шуданд. Бояд зикр кард, ки  мусобиқа аз рӯи низоми даврӣ дар як давр сурат мегирад. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ аз минтақаи Душанбе чор даста (дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ) роҳхат пайдо мекунанд.

Ҷоми ФФТ аз соли 2012 гузаронида мешавад. Барандаи феълии Ҷоми ФФТ дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе мебошад, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 5:2 ғолиб шуда буд.

Ҷоми ФФТ-2020

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Кӯктош» – «Локомотив-Помир» – 1:2

Голҳо: Шоҳрух Сангов, 7 – ба дарвозаи худ (1:0). Ислом Зоиров, 14 (1:1). Муҳаммад Гулназарзода, 63 (1:2).

 «Истиқлол» – «Шоҳмансур» – 13:0

Голҳо: Салам Ашӯрмамадов, 3 (1:0). Саидмухтор Азимов, 18 (2:0). Саидмухтор Азимов, 27 – аз пеналтӣ (3:0). Зоир Ҷӯрабоев, 32 (4:0). Ҷамшед Раҳмонов, 45+1 (5:0). Зиёвуддин Фузайлов, 48 (6:0). Салам Ашӯрмамадов, 54 (7:0). Рустам Соиров, 62 (8:0). Эҳсони Панҷшанбе, 73 (9:0). Хуршед-Темур Ҷӯраев, 75 (10:0). Рустам Соиров, 77 (11:0). Хуршед-Темур Ҷӯраев, 85 (12:0). Виктор Свежов, 87 (13:0).

 Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

КМВА «Помир»– «Душанбе-83» – 3:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 49 (1:0). Шодибек Ғаффоров, 74 (2:0). Комрони Мирзохон, 84 (3:0).

 «Регар-ТадАЗ» – «Ваҳдат» – 6:0

Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 11 – аз пеналтӣ (1:0). Сардор Эминов, 18 (2:0). Диловаршоҳ Ғаниев, 28 (3:0). Алишер Холмуродов, 34 (4:0). Диловаршоҳ Ғаниев, 43 (5:0). Нозим Бобоҷонов, 80 (6:0).

 Даври 2-юм

5 феврал (чоршанбе)

«Кӯктош» – «Шоҳмансур»- 8:1.

«Истиқлол» – «Локомотив-Помир». 4:0

6 феврал (панҷшанбе)

КМВА «Помир» – «Ваҳдат» – 6:0

«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83» – 1:1.

Даври 3-юм

8 феврал (шанбе)

  «Локомотив-Помир» – «Шоҳмансур» – 12:0

 «Истиқлол» – «Кӯктош»- 1:0

 9 феврал (якшанбе)

КМВА «Помир»  – «Регар-ТадАЗ»- — 2:3

 «Ваҳдат» – «Душанбе-83»-  0:10

Февраль 11, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд