Се нафар бо гумони хариду фурӯши ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо дастгир шуданд

Февраль 7, 2020 08:09

ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе мардони 30, 32 ва 59-сола, сокинони ноҳияи Ванҷ ва шаҳри Хоруғ бо гумони интиқол ва хариду фурӯши ғайриқонунии  металлҳои қиматбаҳо ё сангҳои қиматбаҳои табиӣ дастгир карда шуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз дастгиршудагон  53 адад сангҳои қимматбаҳои табиӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои гирифташуда ёқути сурх буда, вазнашон 47,76 граммро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои  тафтишотӣ  идома доранд.

Февраль 7, 2020 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд