Паҳлавонони тоҷик дар «Grand Slam Duesseldorf 2020» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 25.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 21 то 23 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Германия Мусобиқаи муҳташами «Dusseldorf Grand Slam 2020» оид ба дзюдо дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардид.
Ба иттилои шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон, паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалии дзюдо ноком шуданд. Дар ин мусобиқа 659 варзишгар (392 мард ва 267 зан) аз 115 кишвар ширкат дошт.
Ҷумҳури Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 10 варзишгар – Муҳаммадаюб Мирзозода (60 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (ҳарду дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Сиротулло Икромов (ҳарду дар вазни зери 90 кг), Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кг, ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кг намояндагӣ карданд.
Бояд гуфт, ки Хуршед Маҷидов дар вазни то 100 кг ба иллати ҷароҳат бардоштан дар ин мусобиқа иштирок карда натавонист.
Аз байни гӯштингирони тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар ду даври рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило пирӯз шуд. Ӯ аввал Мариа Иванлеаро аз Ҷазираҳои Кюрасао бо «иппон» шикаст дод. Дар даври дуюм ҳам бо баҳогузории «иппон» бар ноиби қаҳрамони ҷаҳон Ушанги Кокаури аз Озарбойҷон ғолиб омад. Вале паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври сеюм аз Гурам Тушишвилии гурҷӣ бо «иппон» мағлуб гашт.
Комроншоҳи Устопириён дар даври аввал рақиби эстонии худ — Клен Кристофер Калюлайдро мағлуб намуда, дар даври дуюм аз Маркус Нейман (Шведсия) шикаст хӯрд.
Ҷамолиддин Абдуллоев дар даври аввал намояндаи кишвари Гвинея-Бисау Дийого Сезарро мағлуб кард, вале дар даври дуюм аз Тсаи Минг Йнг (Тайпэйи Чин) ноком шуд.
Паҳлавонони дигари тоҷик аввалин рақобати худро бохтанд. Муҳаммадаюб Мирзозода аз Франсиско Гарригос (Испания), Беҳрӯзи Хоҷазода аз Тсенд Оҷир Тсогтбаатар (Муғулистон), Сомон Маҳмадбеков аз Вадим Шока (Беларус), Ҳақназар Назаров аз Тимо Кавелиус (Олмон), Акмал Муродов аз Владимир Золоев (Қирғизистон), Сиротулло Икромов аз Давлат Бобонов (Ӯзбекистон) ва Саидҷалол Саидов аз Матиас Мадсен (Дания) мағлуб гаштанд.
Дар ҳисоби умумидаставӣ бо дарназардошти теъдоди медалҳо дар мусобиқаи мардону занон дастаи мунтахаби Япония бо касби 10 медал (8 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Гурҷистон бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 2 медали тилло ҷойи сеюмро аз они худ карданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ дар Дюсселдорф, ки баъди Гран-прии Телавиви Исроил ва «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Франсия сеюмин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо ба шумор мерафт, ба варзишгарон имкон дод ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд. Барои медали тилло 1000 имтиёз, «нуқра» — 700 ва «биринҷӣ» — 500 имтиёз дода шуд.
Ғолибону ҷоизадорони «Grand Slam Duesseldorf 2020
Мардон
-60 кг
1. ТАКАТО Наохиса (Япония)
2. ЯНГ Юе Вей (Тайбейи Чин)
3. КИМ Вон Ҷин (Кореяи Шимолӣ)
3. СДЖАКАДОЕА Торнике (Нидерланд)
-66 кг
1.АБЕ Ҳифуме (Япония)
2.МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)
3.ГАЙТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)
3.ШАМИЛОВ Яъқуб (Россия)
-73 кг
1. ОНО Шоҳеи (Япония)
2. АН Чангрим (Гурҷистон)
3. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
3. ТСЕНД-ОЧИР Тсогтбаатар (Муғулистон)
-81 кг
1. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)
2. ХОЛМУРЗАЕВ Ҳасан (Россия)
3. ДЕ ВИТ Франк (Ҳолланд)
3. ПАЧЕК Робин (Шведсия)
-90 кг
1. БОБОНОВ Давлат (Ӯзбекистон)
2. НҲАБАЛИ Куеҷу (Украина)
3. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
3. МУКАИ Шоичиро (Япония)
-100 кг
1. ХУРРАМОВ Муҳаммадкарим (Ӯзбекистон)
2. ГАСИМОВ Элмар (Озарбойҷон)
3. ЧИРЖЕНИЧ Миклош (Венгрия)
3. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)
+100 кг
1. ТУШИШВИЛИ Гурам (Гурҷистон)
2. ФРЕЙ Йоҳан (Германия)
3. КИМ Минҷонг (Кореяи Ҷанубӣ)
3. СИЛВА Рафаэл (Бразилия)








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






