Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд нисбат ба 27 нафар волидайн парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст
ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2019 дар вилояти Суғд барои иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон нисбат ба 2 ҳазору 598 волидайн бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ маводи маъмурӣ ба расмият дароварда шуда, нисбат ба 27 нафар волидайн барои монеъ шудан ба фарзандон дар гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ, яъне нуҳсола, бо моддаи 164 КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Дар ин бора сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов маълумот дод.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ Ховар Абдуаҳад Шарифзода, мавсуф ҳамзамон вобаста ба паҳлуҳои дигари фаъолияти сохтор баён дошт, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони милитсия 159 адад силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира карда шуда, нисбат ба 3 нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Ҳамзамон 86 ҷиноят (с.2018-111) вобаста ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ошкор ва аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 175 кг маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.
Инчунин ба қаламрави вилоят 152 ҳолати бо роҳи қочоқ ворид намудани молу маҳсулот ба маблағи 5 млн 432 337 сомонӣ ошкор карда шуд.
Вобаста ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ин давра аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд нисбат ба 416 ҳазору 158 нафар шаҳрвандон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 690 нафар аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум ва 620 нафар ҷаримабандӣ гардиданд.
Ба иттилои сардори Раёсат, давоми соли 2019 дар қаламрави вилояти Суғд аз ҷониби 5526 нафар шаҳрвандон 5536 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 202 адад зиёд аст. Аз теъдоди умумии ҷиноятҳои ба қайдгирифта 92,9 фоизаш ошкор гардидааст.
-Дар ин давра ҷиноятҳои дуздӣ 186 адад, авбошӣ 15 адад ва одамкушӣ, роҳзанӣ ва тамаъҷӯӣ 2 адад афзудаанд. Ҳамзамон аз 2015 нафар ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда 711 нафарашон муайян ва дастгир ва аз 258 нафар шахсони беному нишон гумшуда 204 нафарашон дарёфт гардидаанд,-афзуд А.Навҷувонов.








Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст






