Рейтинги нави ФИФА: мавқеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон иваз нагардида, дар зинаи 121-ум боқӣ монд

Февраль 20, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 феврал  Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави худро нашр кард, ки тибқи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз накарда, бо касби 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум боқӣ монд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар байни кишварҳои Осиё аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мантахаби Япония соҳиб аст, ки бо касби 1500 хол дар зинаи 28-уми раддабандӣ қарор дорад. Дар рейтинги КФО дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ҷои 22-юмро ишғол намудааст.

Дар феҳристи раддабандии нави  ФИФА дастаҳои  мунтахаби Белгия бо 1765 имтиёз дар зинаи якум, Франсия бо 1733 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Бразилия бо 1712 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд. Ёдовар мешавем, ки феҳрасти ФИФА ҳар моҳ нашр гардида, дар он мавқеи кишварҳо аз рӯи натиҷаи умумии имтиёзҳои бадастовардаи дастаҳои мунтахабашон муайян карда мешавад.

Топ-10 рейтингаи ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:

  1. Белгия (1765 хол)
  2. Франсия (1733)
  3. Бразилия (1712)
  4. Англия (1661)
  5. Уругвай (1645)
  6. Хорватия (1642)
  7. Португалия (1639)
  8. Испания (1636)
  9. Аргентина (1623)
  10. Колумбия (1622)
    …
  1. Тоҷикистон (1152)
Февраль 20, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд