Роғун: масъулин ваъда доданд, ки мушкилии хунук будани синфхонаҳои се муассисаи таълимӣ бартараф мешавад

Февраль 14, 2020 14:27

РОҒУН, 14.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд зимни нишасти матбуотӣ аз роҳбарияти шаҳри Роғун сабаби  дар синфхонаҳои хунук дарс хондани зиёда аз се ҳазор хонандагони  се муассисаи таълимии шаҳрро пурсон шуд. Масъулин дар посух гуфтанд, ки дар ҳақиқат гармкунакҳои барқӣ ба масоҳати синфхонаҳо мувофиқ  нестанд ва ваъда доданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун нисбат ба ин мушкилӣ тадбири зарурӣ  меандешад. Имсол буғхонаҳои ин се муассисаи таълимӣ  барқарор  карда мешаванд.

Соли 2019 дар шаҳри Роғун дар арафаи ҷашнҳои миллию таърихӣ аз ҳисоби буҷет ва соҳибкорон  Маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ, буғхонаи муассисаҳои таълимии рақами 5 ва 22,  меҳмонхона, чойхона ва утоқҳои корӣ, 5 истгоҳи замонавӣ бо мағозаҳо, корхонаи коркарди обҳои ташнагишикан, маркази савдо ва тарабхона,  9  синфхонаи иловагӣ ва дигар иншоот сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ҷиҳати дарёфти сармояҳои хориҷӣ  давоми соли 2019 6 адад лоиҳа дар соҳаи кишоварзӣ ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ пешниҳод гардид, ки бо амалӣ шудани онҳо пешбурди зиндагии шоистаи мардуми маҳал таъмин мегардад. Ҳамчунин баҳри сохтмони  сардхона ва фермаи чорводорӣ соли сипаригардида ба хоҷагидорон қитъаҳои замин ҷудо  гардид, ки онҳо дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода мешаванд.

Февраль 14, 2020 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд