Санаи бозиҳои «Хуҷанд» бо дастаҳои мунтахаби «Нефтчӣ» ва «Аҳал» муайян гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ҷоизадори медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон бозии хонагиашро дар плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2020 26 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, бозӣ бо дархости дастаи футболи «Хуҷанд» бинобар омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд ба Душанбе гузаронида шуд.
Дастаи футболи «Хуҷанд» бо раҳбарии сармураббӣ Никола Лазаревич, мутахассиси сербиягӣ дар плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2020 бо ғолиби бозиҳои даври пешакӣ- дастаҳои мунтахаби «Нефтчӣ»-и Қирғизистон ва «Аҳал»-и Туркманистон рақобат мекунад.
Бозии аввали даври пешакии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2020 миёни дастаҳои мунтахаби «Нефтчӣ»-и Қирғизистон ва «Аҳал»-и Туркманистон бояд 5 феврал дар шаҳри Ҷалолобод баргузор мешуд. Вале дастаи меҳмон- ноиби чемпиони Туркманистон «Аҳал» ба Қирғизистон наомад.
Ба иттилои расонаҳои хабарии Қирғизистон, дастаи «Аҳал» аз Конфедератсияи футболи Осиё хоҳиш кардааст, бозӣ ба иллати авҷ гирифтани коронавирус дар Чин, ки бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, ба муҳлати дигар гузаронида шавад. Вале аз Конфедератсияи футболи Осиё посух додаанд, ки ҳеҷ таҳдиде вуҷуд надорад ва бозӣ бояд дар муҳлати муқарраршуда доир гардад. Тасмими ниҳоиро дар бораи бозии доирнашуда Конфедератсияи футболи Осиё хоҳад гирифт.
Дастаи футболи «Хуҷанд» аввалин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2020 19 феврал дар сафар ва бозии ҷавобиро 26 феврал дар майдони худ анҷом медиҳад.
Дар сурати пирӯзӣ дастаи «Хуҷанд» ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи қитъавӣ мушарраф шуда, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Дордой»-и Қирғизистон рақобат мекунад.
Ҷоми AFC-2020
Минтақаи Марказӣ
Плей-офф. Бозии аввал
19-уми феврал (чоршанбе)
Ғолиби ҷуфти «Нефтчӣ» (Қирғизистон)/«Аҳал» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
26-уми феврал (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Нефтчӣ» (Қирғизистон)/«Аҳал» (Туркманистон)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






