Сарҳадбонон ворид намудани 400 кг носро аз Тоҷикистон ба Россия пешгирӣ карданд
ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти назорати сарҳадии ФСБ-и Россия кӯшиши ба қаламрави вилояти Кургон ворид намудани миқдори зиёди носро, ки фурӯши он дар Федератсияи Россия аз соли 2013 манъ шудааст, пешгирӣ карданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора хадамоти матбуоти департаменти ФСБ дар вилоятҳои Қурғон ва Тюмен хабар додааст.
«Дар гузаргоҳи автомобилии Петухово афсарони Раёсати марзбонии Хадамоти федералии амнияти Россия дар минтақаҳои Қурғон ва Тюмен дар якҷоягӣ бо кормандони Идораи назоратии вилояти Қурғон кӯшиши ворид кардани носро ба Россия пешгирӣ карданд. Бори манъшуда аз ҷониби сарҳадбонон дар 13 халта ва халтаи пластикии вазнаш қариб 400 кг дарёфт карда шуд», — омадааст дар хабар.
Хадамоти матбуот илова намуд, ки ин аввалин ҳодисаи рухдода дар гузаргоҳи Петухово дар моҳи феврал нест. «7 феврал як шаҳрванди Қирғизистон дар дохили либосаш аз Бишкек ба Сургут ҳудуди 50 кг нос интиқол дода буд», — гуфтанд онҳо.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






