Дар Душанбе корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар оғоз гардиданд

Февраль 12, 2020 08:38

ДУШАНБЕ, 12.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе  корҳои омодагӣ  ҷиҳати  дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ ҷашн  гирифтани  Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар мамлакат 8 март таҷлил мешавад,  оғоз гардиданд. Бо  қарори Раиси шаҳри Душанбе   Рустами Эмомалӣ  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ба ин ҷашн  тасдиқ  гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ  дар  қарори мазкур масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо  вазифадор намудааст, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд. Дар ин рӯз дар тамоми муассисаву ташкилотҳои пойтахт  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ  ва идона доир мегарданд. Ҳамчунин   масъулин ба аёдати занони собиқадор рафта,  ба онҳо кумакҳои моддӣ мерасонанд.

 Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд. Дар фармон ҳадафи ба тасвиб расонидани он «бузургдошти зан-модар-офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари ҷавонону наврасон ба роҳи нек  ва пойдории оила» зикр гардидааст.

Пешвои миллат  соли 2018 дар  Рӯзи Модар зимни табрикоташон  гуфтанд, ки: «Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии мамлакат  саҳми басо арзишманд дорад. Модарони арҷманди мо дар ҳифзу нигоҳдошти расму ойинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд. Ин аст, ки дар ҳамаи суханрониҳои худ ман ба неруи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаам».

Февраль 12, 2020 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад