Соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов дар ноҳияи Ёвон барои 500 нафар кӯдакистони замонавӣ месозад

Февраль 19, 2020 09:17

ЁВОН, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов дар ноҳияи Ёвон  барои 500 нафар кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода мешавад. Хамчунин то соли 2030 бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва сохтани кӯдакистонҳои хусусию давлатӣ 30 фоизи кӯдакони ноҳияи Ёвон бо муассисаҳои томактабӣ таъмин мегарданд.

Ин матлабро Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд оид ба сабабҳои соли 2019 ба боғчаҳою марказҳои инкишофи кӯдакон ҷалб гардидани танҳо 4,6 фоизи кӯдакони синни томактабӣ баён дошт.

Ба гуфтаи мавсуф, дар ҳақиқат аз ҳисоби кам будани кӯдакистонҳо ва муассисаҳои томактабӣ  дар ноҳия  ин мушкилот  вуҷуд дорад ва онҳо пайи ислоҳи он кӯшиш доранд.

Масъулини ноҳия дар нишасти матбуотӣ ба 21 саволи хабарнигорон вобаста ба масоили ободонию бунёдкориҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмири роҳҳои мошингард, ҳифз ва нигаҳдошти мавзеъҳои таърихӣ, ҳолати мелиоративии заминҳои киштшаванда, дастгирии ниёзмандон, ҳолати санитарӣ-эпидемиологӣ, фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҷавобҳои мушаххас доданд.

Февраль 19, 2020 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд