Собиқадорони Тоҷикистон дар паради Ғалаба дар шаҳри Москва иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Се собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон — Мирзо Бегматов, Шариф Ғафуров ва Назар Ашуров бо даъвати Ҳукумати Федератсияи Россия дар тантанаҳои идона бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Москва ширкат мекунанд, хабар медиҳад Sputnik.
Дар хабари Агентии иттилоотии Россия инчунин гуфта шудааст, ки собиқадорони ҷанг Мирзо Бегматов ва Шариф Ғафуров ҳамроҳ бо писарони худ ба пойтахти Россия меоянд. Ба собиқадор Назар Ашуров наберааш кумак мекунад.
Тавре қаблан хабар дода будем, дар паради Ғалаба, ки дар майдони Сурх баргузор мешавад, хизматчиёни низомӣ аз Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Боз як ротаи муттаҳидаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паради ҳарбии Ғалаба, ки 9 май дар Екатеринбург баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
ДАР СУРАТ: собиқадори Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, иштирокчии амалиёти машҳури “Багратион” барои озодкунии Беларус Мирзо Бекматов.








Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд






