Соли гузашта 141 нафар дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд

Февраль 6, 2020 14:01

ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ соли гузашта дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои мамлакат 141 нафар ғарқ шуданд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба хабарнигорон иброз намуд.

Рустам Назарзода зикр намуд, ки ҳарчанд аз ҷониби кормандони Кумитаи мазкур  миёни аҳолӣ таблиғоти зиёд роҳандозӣ мешавад, боз ҳам  мутаассифона, дар иншооти обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд.  Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ соли гузашта дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои мамлакат 141 нафар ғарқ шуданд, ки соли 2018 ин рақам ба 140 нафар баробар буд. Соли гузашта наҷотдиҳандагони Кумита 51 нафарро ҳангоми ғарқ шудан наҷот доданд.

Инчунин зикр гардид, ки соли 2019 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  680 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуд. Аз шумораи умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда 46 ҳодиса ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари моддӣ ва маънавӣ расонид.

«Аз 46 офати табиӣ – 24 ҳодиса сел, 8 ҳодиса лағзиши тарма, 5 ҳодиса резиши санг, 2 ҳодиса шамоли сахт, 2 ҳодиса ярч, 1 ҳодиса раъду барқ, 1 ҳодиса болоравии сатҳи об дар рӯдхонаро ташкил медод»,- иброз намуд мавсуф.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар натиҷаи  офатҳои табиӣ 22 сокини мамлакат ба ҳалокат расиданд. Тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқулода ба ҳамаи 22 оилаи ҳалокшудагон кумаки яквақта ба миқдори  22 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар соли 2020 вазифаҳои зерин: татбиқи Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022 ва Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва интизоми ҳарбии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти хадамоти наҷоти Кумита тавассути ташкили дастаҳои наҷотдиҳандагони баландихтисос, ки бо таҷҳизоти муосир ва воситаҳои махсуси техникӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд, густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, оғози сохтмони Маркази миллӣ (майдони таълимӣ) барои таълим ва бозомӯзии самараноки кадрҳо дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, хадамоти кинологию ғаввосӣ ва хариду насб кардани як радари муосир барои системаи зидди жола ва мониторинг, огоҳкунии пешакии кӯли Сарез, аз ҷумла тавсеаи он то ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон амалӣ карда мешаванд.

Февраль 6, 2020 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад