Сомон ва Беҳрӯз дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020» мақоми ҳафтумро ишғол карданд
ДУШАНБЕ, 10.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони шинохтаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020», ки дар шаҳри Парижи Франсия баргузор гардид, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд. Ҳарду дар рӯзи аввали мусобиқа дар вазни то 73 кило рақобат карданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Ба иттилои номбурда, Беҳрӯзи Хоҷазода аз панҷ рақобат дар сетоаш пирӯзӣ ба даст овард ва дар ду қувваозмоӣ мағлуб шуд. Вай, ки дар даври аввал озод буд, баъди се пирӯзӣ бар Уилям Тай Тин (Самоа), Тео Ригуин (Франсия) ва Шамил Ҷавбатиров (Германия) ба чорякфинал роҳ ёфт. Вале ӯ дар даври чорякниҳоӣ аз Соичи Ҳашимото (Япония) мағлуб гашт. Сипас дар даври тасаллобахш аз Масаши Эбинуми (Япония) ноком шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб намуд.
Сомон Маҳмадбеков аз шаш рақобат дар чаҳортояш ғолиб омада, дутоашро бохт. Ӯ бар Ҷорҷ Фернандес (Португалия), Дирк Ван Тичелт (Белгия), Никола Гардасевич (Монтенегро) ва Муҳаммад Муҳиддин (Миср) дастболо шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале Сомон дар чорякфинал аз Жансай Смагулов (Қазоқистон) мағлуб гашт. Баъдан дар даври тасаллобахш аз Ҳикматуллоҳ Тӯраев (Ӯзбекистон) шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро аз они худ кард.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар «Paris Grand Slam 2020» 683 нафар варзишгарон (407 мард ва 276 зан) аз 115 кишвари панҷ қитъаи дунё ширкат намуданд
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил буд, ки дар сабқати мардон иштирок карданд. Ба ҷуз аз Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг) намояндагӣ намуданд.
Зимнан, мусобиқаи мазкури «Paris Grand Slam 2020» баъди Гран-прии Тел-Авив (Исроил) дуюмин мусобиқаи имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми мусобиқаи Гран слами Париж Тоҷикистонро се варзишгари шинохта- Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) намояндагӣ карданд.
Акмал Муродов (-81кг), ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили намояндаи ҳамсоякишвари Ӯзбекистон Камолиддин Расулов баргузор кард. Дар ин рақобат Акмал бо ду ваза-ари шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд.
Комроншоҳи Устопириён (-90кг) барои баромадан ба даври дуюм дзюдочии кишвари Колумбия — Баланта Франсискоро шикаст дод. Дар давр дуюм Устопириён аз Кристофер Калюлайди эстонӣ мағлуб гардид.
Варзишгари дигари тоҷик Шакармамад Мирмамадов (+100кг) дар даври нахуст аз намояндаи Муғулистон — Тувшинбаяр Найдангийн шикаст хӯрд.
Дар рӯзи якуми ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарду дар вазни -73 кг сазовори зинаи 7-ум гардида буданд.
Ҳамин тавр, мусобиқаи Paris Grand Slam 2020 барои паҳлавонони тоҷик бидуни ба даст овардани медал хотима ёфт.
Бояд зикр кард, ки соли гузашта дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2019» чаҳор варзишгари тоҷик — Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни то 73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) иштирок карда, дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон ноком шуда буданд.








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






