Субҳи имрӯз 87 нафар шахсони дар карантин қарор дошта аз беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе мураххас шуданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз 87 нафар шахсоне, ки таҳти карантин қарор доштанд, аз беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе мураххас шуданд.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе Хуршед Ҳабибзода иброз дошт, ҳамаи ин нафарон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 14 рӯз зери назорати духтурон қарор доштанд. Пас аз таҳлили озмоишгоҳӣ муайян шуд, ки онҳо гирифтори ягон беморӣ нестанд. Аз ин рӯ гурӯҳи аввалини онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуд.
Бино ба зикри номбурда, вазъияти дигар шахсоне, ки дар карантин қарор доранд, пурра хуб буда, дар онҳо ягон нишонаҳои коронавирус дида намешавад ва таҳлили озмоишгоҳии онҳо низ аз сиҳат буданашон дарак медиҳад.
АКС аз бойнӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






