Субҳи имрӯз 87 нафар шахсони дар карантин қарор дошта аз беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе мураххас шуданд

Февраль 14, 2020 13:22

ДУШАНБЕ, 14.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз 87 нафар шахсоне, ки таҳти карантин қарор доштанд, аз беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе мураххас шуданд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе Хуршед Ҳабибзода иброз дошт, ҳамаи ин нафарон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 14 рӯз зери назорати духтурон қарор доштанд. Пас аз  таҳлили озмоишгоҳӣ муайян шуд, ки онҳо гирифтори ягон беморӣ нестанд. Аз ин рӯ гурӯҳи аввалини онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуд.

Бино ба зикри номбурда, вазъияти  дигар шахсоне, ки дар карантин қарор доранд, пурра хуб буда, дар онҳо ягон нишонаҳои коронавирус дида намешавад ва таҳлили озмоишгоҳии онҳо низ аз сиҳат буданашон дарак медиҳад.

АКС аз бойнӣ

Февраль 14, 2020 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн