Татбиқи Лоиҳаи «Digital CASA» дар рушди рақамикунонии иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим дорад
ДУШАНБЕ, 08.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи «Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои рушди иқтисоди рақамӣ дар мамлакат муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолидин Нуралиев дар мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуда, барои мусоидат ба татбиқи сифатнок ва самараноки лоиҳа омодагии ҳамаҷонибаи худро изҳор дошт.
Ҷамолиддин Нуралиев зикр кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ояндаи наздик баҳри рушди иқтисодиёти мамлакат, ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ дар минтақа, дастрасии молиявӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба миён омадани рақобати солим ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кумаки ҷиддӣ хоҳад кард.
Татбиқи ҳадафмандона ва босамари Лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на фақат барои давлати мо, балки баҳри тамоми минтақа аҳамияти муҳим дорад.
Аз ин сабаб, он бояд бо назардошти хусусиятҳои хоси иқтисодиёти минтақа роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни ташкили Маркази татбиқи лоиҳаи «Digital CASA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи мусбати Бонки ҷаҳонӣ дар амалисозии ҳамин гуна лоиҳаҳо дар мамлакатҳои дигар ба инобат гирифта шавад. Зеро ташкили Маркази пуриқтидори татбиқи лоиҳа имконияти назорати амалиёти рақамиро дар сатҳи зарурӣ фароҳам месозад,-таъкид дошт Ҷамолиддин Нуралиев.
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз ҳамкории сатҳи олии Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистон барои амалигардонии лоиҳаи мазкур қадамҳои устувор мегузорад. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон барои мукаммал гаштани муҳтавои лоиҳаи мазкур ва механизми амалигардонии он корҳои зиёдро анҷом дода, дар ин самт миёни кишварҳои минтақа пешсаф ва имкониятҳои зиёдро дорост. Мусоҳибон оид ба раванди корҳои техникии лоиҳа мубодилаи афкор карда, изҳор намуданд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҷалби мутахассисони кордони соҳавӣ муҳим аст ва корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.
Мусаллам аст, ки рушди иқтисодиёти рақамӣ дар доираи лоиҳаи «Digital CASA» ба пайваст намудани ду минтақаи Осиё: Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Таъмини ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати дастрасии комил ба иқтисодиёти рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, фароҳам овардани имконият барои истифода аз хизматрасониҳои рақамии босифат аз ҳадафҳои муҳими лоиҳаи мазкур мебошад.








«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад






