То 13 феврал дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. То 13 феврали соли равон дар қисмати бештари минтақаҳои кӯҳии мамлакат барф борида, дар аксар маврид ин боришоти шадид сабаби лағзиши тарма ва резиши санг мешаванд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи бориши пуршиддати барфу борон дар роҳҳои мошингарди «Душанбе-Рашт – Лахш», «Душанбе – Чаноқ», «Шамсиддини Шоҳин – Ванҷ», «Хоруғ – Ишкошим» ҳаракати мошинҳо метавонад ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, шабонарӯзи гузашта дар километрҳои 47 – 100 роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ», ҳамчунин дар километрҳои 3 ва 4 роҳи «Лабиҷар-Сангвор» лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Барои тоза кардани роҳ аз тарма хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Innovative Road Solutions (IRS) техникаи махсус ҷудо карданд. Дар айни замон роҳҳо пурра тоза буда, рафту омади мошинҳо муътадил аст.
Барои таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон дар роҳҳои зимистона ва расонидани кумаки фаврӣ кормандони наҷоти Кумита ва ширкати IRS 53 ронанда ва мусофирони мошинҳои онҳоро, ки дар иҳотаи барф монда буданд, ба ҷойи амн интиқол дода, бо ғизои гарм ва ҷойи хоб таъмин намуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ, анҷоми корҳои саҳро, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ кунанд!








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






