«ТОҚДОНИ ЧАШМИ МО ҶОИ КИТОБИ «ТОҶИКОН». Имрӯз — Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб аст. Агар то ба ҳол ба касе китобе ҳадя накарда бошед, пас имрӯз маҳз ҳамон рӯзест, ки ин амалро бояд анҷом диҳед

Февраль 14, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил мекунад. Китоб ба шахси ҳадягиранда хушнудиву фараҳ ва ғизои маънавӣ мебахшад. 

Бо Амри Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оила туҳфа карда шавад. Амри мазкур 2 феврали соли 2020 ба тасвиб расид.

Тавре шоири зиндаёд Бозор Собир гуфтааст:

Тоқдони хонаи мо ҷойи дастурхони мост,

Тоқдони чашми мо ҷойи китоби «Тоҷикон».

Ҳадяи китоб ва махсусан китобе, ки аз гузаштаи таърихи пурғановати мардуми тоҷик дарак медиҳад ва доштани он барои ҳар нафар мояи ифтихору шодмонист.

Профессор Қаҳҳори Расулиён иброз медорад, ки дар замони шӯравӣ яке аз рӯйдодҳои бузургтарини илмию фарҳангие, ки ба амал омад ва дар таърихи халқи тоҷик мондагор буду ҳаст, ин чопи китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров соли 1972 дар шаҳри Москва ба забони русӣ буд.

Мавсуф зикр менамояд, ки дар он замон ҷавонон тавассути ин китоб тавонистанд аз таърихи гузаштаи худ воқиф шаванд. Имрӯз ин асар насли имрӯзаро  дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ тарбия  мекунад. Ин иқдоми неки Сарвари давлат шоистаи дастгирист, зеро он  асари мондагори миллати тоҷик аст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб тақозои замон буда, ба ҳукми анъана даромадани он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайомади нек дорад.  Зеро ҳадяи китоб ва ба он эътимод доштан аз гузаштаи мардуми тоҷик  ва махсусан модарони мо сарчашма мегирад. Ин решаҳои тамаддуну фарҳанги мо дар тӯли ҳазорсолаҳо идома пайдо карда, ҳувияти миллии тоҷикон дар асоси ҳамин анъанаҳо то ба ин рӯз шакл гирифтааст. Яке аз бузургтарин нишонаҳои миллат- ин китобдор будани он аст.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, нахустин китоби муътабари ҷаҳон- ин моли мо, мардуми ориёинажод аст, ки бо номи «Авесто» ёд мешавад. Ин китоб бузургтарин сарчашмаи таърихию фарҳангӣ дар саросари ҷаҳон дониста мешавад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо то ба имрӯз китоб яке аз сарчашмаи муҳими омӯзиш ба ҳисоб меравад. Тақдими китоб барои мардуми тоҷик анъанаи гузаштагон буда, он имрӯз равнақи бештар касб намудааст.

Бузурге гуфтааст, ки агар дар бораи инсон ҳукм  биронем,  бояд сараввал  бипурсем, ки чанд китоб хондааст. Зеро китоб муаллимест, ки бидуни асо ва  тозиёна моро тарбия мекунад.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Ҷалолудин Нурзода иброз дошт, ки китоб сарчашмаи дарёи ақл буда, он барои ҳар инсон муқаддас мебошад. Аз қадимулайём тоҷикон миллати фарҳангӣ буданд ва ба китоб эътиқод доштанд. Имрӯз мояи ифтихору хурсандии мост, ки дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе китобхонаи бонуфузе, ки назираш дар Осиёи Миёна нест, дари хешро  ба рӯи муштариён боз намуда, дар он ҳазорон нафар илму хирад меомӯзанд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки модарони мо зери болишти фарзанди худ китоб мегузоштанд, то аз хурдӣ пайрави илму дониш гарданд. Тавре Лоиқ Шералӣ фармудааст:

Ало девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ, зи ҳар марге,

Ало Девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт.

-Ба андешаи ман хонаи бе китоб мисли рӯзи бе офтоб аст. Аз ин рӯ бояд дар ҳар хонадони мо китоб бошад. Нависандаи рус Михаил Ломоносов  мегӯяд, ки «ҳамон хона зебост, ки рафҳои он бо китоб оро ёфта бошанд»,- иброз медорад ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи мавсуф, аз ҳама ҳадяи воло- ин китоб аст. Агар мо дар рӯзҳои хурсандӣ ва зодрӯз ба якдигар китоб ҳадя намоем, ин фоли нек дониста мешавад. Зеро он на танҳо ба як нафар, балки барои фарзандону аҳли хонавода низ ҳадя дониста шуда, ҳамагӣ аз он баҳраманд мегарданд. Китоб мӯъҷизаест, ки инсонро ба мақсад мерасонад.

Тавре Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ иброз намуданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Ҳамчунин ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш доданд, ки дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеиро ба роҳ монанд.  Инчунин имсол Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар се самт баргузор мешавад.

Ҷалолуддин Нурзода иброз медорад, ки «Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар партави сиёсати фарҳангпарварони Сарвари давлат барои баргузории озмуни мазкур тамоми тадбирҳоро андешидааст. Барои хонандагон ҳуҷраҳои алоҳида ва он китобҳое, ки дар озмун  тавсия шудаанд, дар ин ҷо муҳайё гардидаанд, то аз онҳо истифода намоянд. Ин озмунҳо дар оянда шахсиятҳоеро тарбият мекунанд, ки ифтихори миллату давлати тоҷикон мегарданд».

Ба андешаи коршиносон, Рӯзи ҳадяи китоб на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гардидааст, балки ба он хотир аст, ки пешниҳодшудаву ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад. Бархе соҳибназарон мегӯянд, ки дар ин рӯз аввал бояд ба кӯдакон китоб ҳадя намуд. Дар ҳама ҳолат китоб беҳтарин дӯсти вафодор ва аниси лаҳзаҳои  танҳоии инсон аст.

Агар то ба ҳол ба касе китобе ҳадя накарда бошед, пас имрӯз маҳз ҳамон рӯзест, ки ин амалро бояд анҷом диҳед. Зеро 14 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун рӯзи ҳадяи китоб пешвоз мегирад. Дар ин рӯз хеле хуб аст, то китобро аввал ба кӯдакон ва онҳое, ки дастрасиашон ба китоб бо сабабҳои гуногун маҳдуд аст, ҳадя намоем.

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту  ҳаргиз озоре нест.

Февраль 14, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Дар Бохтар маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
Ғолибони даври ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ шуданд
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
НАМУНАИ ИБРАТ. Заҳмати модар Фараҳбахши нобиноро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардонид
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус