Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории рӯзи якуми даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории рӯзи якуми даври ниҳоии озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни иҷрои вазифаҳо дар ҳама номинатсияҳои озмун, аз ҷумла «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ», «Адабиёти муосири тоҷик», «Адабиёти классикии тоҷик» ва «Адабиёти ҷаҳон» шинос шуд.
Масъулини комиссия, доварон ва иштирокчиён дар бораи сатҳи омодагӣ, ҷараёни пешниҳоди мавод ва муҳити озмун маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дилрабо Мансурӣ дар суҳбат бо довталабон ба ташаббус ва талошҳои китобхонӣ, заҳмати омӯзгорон ва дастгирии волидон баҳои баланд дода, иброз намуд, ки ин озмун яке аз ташаббусҳои беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боло бурдани фарҳанги мутолиа ва завқи китобхонии насли ҷавон мебошад.
Иброз шуд, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни хонандагону донишҷӯён ба китоб ва афзоиши шумораи иштирокчиён аз он дарак медиҳад, ки озмун ба ташаккули тафаккури созанда ва пурзӯр гардидани шавқи мутолиа дар ҷомеа мусоидат намудааст.
Баъди шиносоӣ бо ҷараёни озмун Дилрабо Мансурӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун, шаффофият ва риояи талаботи Низомнома дастурҳои мушаххас дод.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






