ТОҶИКИСТОН МЕТАВОНАД ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ МАРБУТ БА ТАҒИРЁБИИ ИҚЛИМ ДАР МИНТАҚА НАҚШИ НАЗАРРАС ДОШТА БОШАД. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин дар мусоҳиба бо маркази тадқиқотию машваратии «Adelphi» изҳори назар намуд

Февраль 20, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон метавонад дар ҳалли тамоми масоили марбут ба тағирёбии иқлим дар минтақа нақши назаррас дошта бошад. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мусоҳиба бо маркази тадқиқотию машваратии «Adelphi» изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мусоҳиба, ки 28 январ дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказии Сабз» сурат гирифт, Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи нақшаҳои стратегии Тоҷикистон дар самти иқлим, муҳити зист ва рушд сухан ронда, инчунин аз “ташаббуси сабз”-и  Осиёи Марказӣ изҳори умедворӣ кард.

«Ҳаёти мо комилан аз захираҳои об, миқдор ва сифати онҳо вобаста аст. Аз ин рӯ мешавад гуфт, ки Тоҷикистон метавонад дар ҳалли тамоми масоили марбут ба тағирёбии иқлим дар минтақа нақши назаррас дошта бошад», — тазаккур дод Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мусоҳиба.

«Аз як тараф, медонем, ки барои мутобиқ шудан ба масъалаҳои вобаста ба таъсири тағйирёбии иқлим, масалан, барои коҳиш додани оқибатҳо, мо бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Аз ҷониби дигар, мо бояд барномаҳо ва кӯшишҳои дастаҷамъонаи худро дар минтақа амалӣ созем, зеро масоили тағйирёбии иқлим фарогир мебошанд, онҳо на танҳо ба сатҳи миллӣ ва минтақавӣ дахл доранд, балки онҳо масоили сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд», — таъкид  намуд Сироҷиддин Муҳриддин.

Бино ба гуфти ӯ, Германия ҳамчун яке аз шарикони боэътимод омода аст, ки дар татбиқи талошҳои муштарак барои мутобиқсозӣ ва коҳиш додани оқибатҳо ба Тоҷикистон мусоидат кунад.

«Зимни муҳокимаи ҳама гуна ташаббус, пеш аз ҳама, бояд ба одамон ва давлатҳое, ки бо кишвари шумо дар ин масъалаҳо ҳамкорӣ мекунанд, бовар кунед. Ин хеле муҳим аст ва мо ба ин ташаббус боварӣ дорем», — гуфт дар фарҷоми мусоҳиба Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 28 январ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Берлин дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказии Сабз» иштирок намуд.

Зимни  суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамкорӣ  дар  мавриди тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба олами ҳайвоноту наботот даъват намуда, аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки барои кишварҳои ниёзманд ва осебдида дар ин самт мусоидат хоҳад кард, ёдрас шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин  инчунин ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфакоронаи онҳоро муҳим хонда, таваҷҷуҳи  ширкаткунандагонро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои обӣ, ки барои пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат менамоянд, ҷалб намуд.

 МАЪЛУМОТНАИ АМИТ «ХОВАР»:

«Adelphi» соли 2001 дар Берлин таъсис ёфтааст. Он маркази пешбари мустақили тадқиқотию машваратӣ дар соҳаи дипломатияи иқлим, муҳит, энергетика, рушд ва сиёсати хориҷӣ мебошад.

Вазифаи он такмил додани идораи ҷаҳонӣ тавассути тадқиқот, гуфтугӯ ва машварат мебошад. Он хидматҳои махсуси ба рушди устувор равонашударо пешниҳод намуда, ба ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар таҳияи стратегияҳо барои ҳалли мушкилоти глобалӣ кумак мерасонад.

Зиёда аз 200 корманди он тадқиқоти бисёрсоҳавӣ, таҳлили стратегии сиёсат ва машваратдиҳӣ, инчунин машварати корпоративиро таъмин мекунанд.

Он инчунин ба муколамаи сиёсӣ мусоидат намуда, барои мақомоти давлатӣ ва корхонаҳо дар саросари ҷаҳон омӯзиш мегузаронад ва дар эҷоди тавонмандӣ барои тағйироти трансформаторӣ мусоидат менамояд.

Аз соли 2001 инҷониб ин марказ беш аз 800 лоиҳаро дар саросари ҷаҳон бомуваффақият ба анҷом расонидааст. Фаъолияти ӯ инчунин самтҳои асосии зеринро дар бар мегирад: иқлим, энергетика, захираҳо, иқтисоди сабз, тиҷорати устувор, молияи сабз, сулҳ ва амният, ҳамкории байналмилалӣ ва дигаргунсозии шаҳрҳо.

 

ДАР АКСИ БОЛО: Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин зимни мусоҳиба бо маркази тадқиқотию машваратии «Adelphi», 28 январи соли 2020, Берлин.

 

Февраль 20, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси Душанбе даъват шуд
Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Дар Душанбе бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар Женева татбиқи лоиҳаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рақамикунонии омӯзиши фанҳоро дар мактабҳои миёна табодули таҷриба менамоянд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти об ва иқлим баррасӣ шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон мулоқот анҷом дод
Бахтовар Сафарзода: «Муносибати Тоҷикистон ва Беларус дар сатҳи баланди боварӣ ва дӯстии дуҷониба қарор дорад»
Раванди амалишавии лоиҳаҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт