«Тоҷикстандарт»: ду корхонаи саноатии Тоҷикистон барои дастовард дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ ғолиби озмуни ИДМ гардиданд

Февраль 14, 2020 14:45

ДУШАНБЕ, 14.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Даври дуюми озмун ҷиҳати дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовард дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ ҷамъбаст гардид ва дар қатори чаҳордаҳ корхонаи давлатҳои аъзо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду корхонаи саноатӣ — ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» ба рӯйхати ғолибони озмун (лауреат) роҳ ёфтанд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.

Моҳи марти  соли 2020 дар ҷаласаи навбатии Шўрои иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ супоридани ҷоизаҳо ба корхонаҳои ғолиб дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори ҷаласаи Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертифкатсияи давлатҳои аъзои ИДМ, ки 27 июни соли 2018 гузаронида шуда буд, озмуни навбатии дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ эълон гардид.

Дар асоси «Тартиби гузаронидани озмун оид ба дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ», ки бо қарори Шўрои сарони давлатҳои ИДМ аз 25 ноябри соли 2005 тасдиқ гардидааст, озмун дар ду сол як маротиба аз рўи 4 номинатсия гузаронида мешавад.

Озмун дар ду марҳила гузаронида шуда, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дар асоси талаботи муқарраргардида баҳогузорӣ карда мешавад. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии баҳогузории фаъолияти корхонаҳо- ин ҷорӣ намудани низоми идоракунӣ аз рўи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва содироти маҳсулоти корхонаҳо ба давлатҳои аъзои ИДМ ба шумор меравад.

«Соли 2019 дар  озмуни  навбатии эълоншуда бо ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ — ҶДММ КМ «Силкоат бойя» аз шаҳри Хуҷанд  ва ҶДММ «Ваҳдат» аз ноҳияи Ёвон пешниҳод шуданд. ҶДММ КМ «Силкоат бойя» дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир буда, ба истеҳсоли маҳсулоти рангҳо ва масолеҳи хушки сохтмонӣ машғул аст. ҶДММ «Ваҳдат» ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ машғул буда, моли  истеҳсолнамудаи  корхона ба хориҷи мамлакат, хусусан ба давлатҳои аъзои ИДМ содир карда мешавад», — илова намуд манбаъ.

Ин корхонаҳо соли 2018 дар озмуни ҷумҳуривии “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон” иширок ва соҳиби ҷоизаи Лауреати озмун гаштаанд.

Маҳз иштирок дар ин озмун ба корхонаҳои мазкур имкон дод, ки дар  озмуни дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти дастовардҳои сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ иштирок намоянд.

«Даври дуюми озмун моҳи сентябри соли 2019 ҷамъбаст гардида, ба корхонаҳои мазкур аз тарафи коршиносони давлатҳои ИДМ  баҳои баланд дода шуд. Натиҷаи баҳогузорӣ ба котиботи Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ пешниҳод гардид. Дар ҷаласаи навбатии Шўрои мазкур аз тарафи ҳакамон ин корхонаҳои ватанӣ ба ҷоизаҳои балантарини озмун пешбарӣ гаштанд. Моҳи марти  соли 2020 дар ҷаласаи навбатии Шўрои иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ супоридани ҷоизаҳо ба корхонаҳои ғолиб, аз ҷумла ба ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» дар назар аст», — иброз доштанд дар «Тоҷикстандарт».

Февраль 14, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд