ТУТ хабар медиҳад, ки хурӯҷи коронавирус ҳанӯз ба пандемия* табдил наёфтааст

Февраль 5, 2020 10:04

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Паҳн  гаштани намуди  нави коронавирус  ҳанӯз пандемия нест.  Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи сешанбе аз Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  (ТУТ) иттилоъ доданд.

«Мо ба эпидемияе  гирифторем, ки  он сарчашмаҳои зиёди паҳншавӣ  дорад»,- гуфт директори департаменти бемориҳои пандемия ва бемориҳои  эндемикии ТУТ Силви Бриан зимни нишасти матбуотӣ.  Ӯ илова  намуд, ки айни ҳол бемории коронавирус берун аз Чин дар 23 кишвари дунё  ба қайд гирифта шудааст.

________________________________

*Пандемия (калимаи юнонӣ буда, маънояш тамоми халқ аст)  эпидемияи  ниҳоят вазнинест, ки  ҳамчунин  ба паҳншавии бемории  сироятӣ дар тамоми ҷаҳон мусоидат менамояд.  (масалан вабо, зуком). Аз ҷумла, ТУТ соли 2009  бо  паҳн шудани  зукоми  H1N1, ки онро «зукоми хук» низ меномиданд,  пандемия эълон намуда буд. 

Февраль 5, 2020 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон