Ҳусайн Идиев: «Тоҷикматлубот» 10 бино ва иншоотро таъмиру навсозӣ мекунад

Февраль 4, 2020 13:40

ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои худии  Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 10 адад бино ва иншооти дигари соҳа таъмиру навсозӣ шуда, ба истифода дода мешаванд. Ин нуктаро имрӯз раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев зимни нишасти   матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.

Ба иловаи мавсуф, имрӯз бо мақсади пешгирии болоравии нархи маводи озуқа дар бозори истеъмолӣ ва таъмин намудани аҳолии пойтахт бо маҳсулоти тоза дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, ба муносибати Соли нави милодӣ, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, моҳи Рамазон, иди Қурбон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳо аз ҷониби ташкилоту хоҷагиҳои соҳа дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулот ташкил карда шуд, ки нисбат ба нархи бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шуданд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои таъмини аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар ҳаҷми умумӣ 2375 тонна сабзавот, меваи тару тоза ва 200 ҳазор қуттӣ консерваи сабзавот, инчунин 960 тонна ангишт захира намудааст.

Ҳусайн Идиев доир ба вазифаҳо дар самти бунёдкорӣ барои соли 2020 иброз намуд, ки «соли равон таъсиси бозори замонавӣ дар маркази ноҳияи Носири Хусрав, навсозии бозорҳои ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳои Муъминобод ва Идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Ховалинг, сохтмони бозори нав дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мастчоҳ, сохтмони бинои хизматрасонӣ дар бозори ноҳияи Спитамен, идомаи таъмири тарабхонаи «Бӯстон», оғози таъмири чойхона дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мастчоҳ, идомаи сохтмони бозор дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, идомаи сохтмони «Маркази савдо ва хизматрасонӣ» дар ноҳияи Восеъ дар назар аст».

Мавсуф зикр намуд, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати рушду тараққиёти соҳаи кооператсияи матлубот, таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи мардум тадбирҳои самарабахш амалӣ менамояд.

Февраль 4, 2020 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд