Ҳусайн Идиев: «Тоҷикматлубот» 10 бино ва иншоотро таъмиру навсозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои худии Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 10 адад бино ва иншооти дигари соҳа таъмиру навсозӣ шуда, ба истифода дода мешаванд. Ин нуктаро имрӯз раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.
Ба иловаи мавсуф, имрӯз бо мақсади пешгирии болоравии нархи маводи озуқа дар бозори истеъмолӣ ва таъмин намудани аҳолии пойтахт бо маҳсулоти тоза дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, ба муносибати Соли нави милодӣ, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, моҳи Рамазон, иди Қурбон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳо аз ҷониби ташкилоту хоҷагиҳои соҳа дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулот ташкил карда шуд, ки нисбат ба нархи бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои таъмини аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар ҳаҷми умумӣ 2375 тонна сабзавот, меваи тару тоза ва 200 ҳазор қуттӣ консерваи сабзавот, инчунин 960 тонна ангишт захира намудааст.
Ҳусайн Идиев доир ба вазифаҳо дар самти бунёдкорӣ барои соли 2020 иброз намуд, ки «соли равон таъсиси бозори замонавӣ дар маркази ноҳияи Носири Хусрав, навсозии бозорҳои ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳои Муъминобод ва Идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Ховалинг, сохтмони бозори нав дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мастчоҳ, сохтмони бинои хизматрасонӣ дар бозори ноҳияи Спитамен, идомаи таъмири тарабхонаи «Бӯстон», оғози таъмири чойхона дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мастчоҳ, идомаи сохтмони бозор дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, идомаи сохтмони «Маркази савдо ва хизматрасонӣ» дар ноҳияи Восеъ дар назар аст».
Мавсуф зикр намуд, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати рушду тараққиёти соҳаи кооператсияи матлубот, таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи мардум тадбирҳои самарабахш амалӣ менамояд.








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






