Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён: «Фаъолияти 3 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам дода шуд»
ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ соли 2019 ба мақомоти адлия 531 ариза оид ба бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардид. Бо қарори суд дар асоси аризаи даъвогии Вазорат фаъолияти 3 (соли 2018 — 11) ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам дода шуд. Ин матлабро имрӯз, 7 феврал дар ҷамъи хабарнигорон Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён баён дошт.
Вазир зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ 186 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, 51 филиал ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шуданд.
«Вазорат 95 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро рад намуд. Ҳамчунин дар ин давра 167 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва 11 филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷараёни бақайдгирии барҳамдиҳии давлатиро гузашта, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ карда шуданд»,- гуфт Музаффар Ашуриён.
Зикр гардид, ки дар ин муддат фаъолияти оинномавии 147 иттиҳодияи ҷамъиятӣ санҷида шуда, ба 371 ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои ислоҳи камбудиҳо огоҳии хаттӣ дода шуд.
Соли 2019 шумораи ташкилотҳои ҷамъиятии фаъолиятдошта 2 500 ададро ташкил медод.
Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат 1692 (соли 2018-1818) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 7 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ бо нишон додани суроғаи мақомоти доимоамалкунандаи роҳбарикунанда ҳисобот пешниҳод намуданд.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






