Вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ, СҲШ ва СААД дар Москва мулоқот менамоянд
ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони мақомоти ҳарбии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 4-5 феврал дар Москва масъалаҳои омодагиро ба мулоқоти роҳбарони вазоратҳои мудофиаи ин кишварҳо дар моҳи июн баррасӣ менамоянд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти вазорати мудофиаи Россия рӯзи сешанбе гуфта шудааст.
Роҳбарони ҳайатҳои ҳарбӣ масъалаҳоеро, ки ба баргузории ҷаласаи муштараки вазирони мудофиаи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ, давлатҳои аъзои СҲШ, давлатҳои аъзои СААД марбут аст ва моҳи июни соли 2020 дар шаҳри Москва пешбинӣ шудааст, баррасӣ менамоянд, хабар доданд аз Вазорати мудофиа.
«Ризоияти худро барои иштирок намояндагони вазоратҳои мудофиаи Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасдиқ намуданд»,- изҳор доштанд дар вазорати мудофиаи Россия.
ДАР АКС: иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳо – аъзои ИДМ, ки 30 октябри соли 2019 дар шаҳри Боку доир гардида буд. Дар марказ аз чап ба рост: вазири мудофиаи Россия генерали артиш Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Озарбойҷон генерал-полковник Зокир Гасанов ва Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






