Теъдоди ҳалокшудагон аз коронавирус дар Чин ба 563 нафар расид
ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи изҳороти Кумитаи давлатӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин шумораи қурбоншудагони коронавирус то 563 нафар афзуда, 28 018 нафар сироят ёфтаанд, 1153 каси дигар аз беморхонаҳо рухсат дода шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».
Рӯзе қабл доир ба бемории беш аз 24 ҳазор нафар ва 490 фавтида расман хабар дода шуд.
«Ба ҳолати нимашаби 5 феврал ба Кумитаи давлатии масъалаҳои тандурустӣ аз 31 музофот ( ноҳия ва вилоятҳои тобеи марказ ) дар бораи 28 018 ҳолатҳои тасдиқшудаи коронавирус маълумот ба даст омад, ки аз он 3859 нафар дар ҳолати вазнин буда, 563 нафар фавтида, 1153 нафари дигар аз шифохона баромадаанд»,- омадааст дар изҳорот.
31 декабри соли 2019 ҳукуматдорони Чин ба ТУТ дар бораи паҳншавии илтиҳоби шуши номаълум дар музофоти Ухан хабар доданд. Коршиносон барангезандаи бемории коронавирусро 2019-nCoV муайян намуданд. Зиёда аз 190 нафар берун аз қаламрави кишвар гирифтори ин беморӣ шуда, яке аз онҳо ҳалок гаштааст. ТУТ хурӯҷи бемориро ҳамчун ҳодисаи дорои аҳамияти байналмилалӣ арзёбӣ намуд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






