ИНТИХОБОТ-2020: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ имрӯз номзадҳои ба вакиллии парлумон пешниҳоднамудаи ҳамаи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриро расман ба қайд гирифт

Февраль 5, 2020 11:57

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ 65 номзадро, ки аз ҳамаи 7  ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбарӣ гардидаанд, расман  ба қайд гирифт. Дар ин бора имрӯз, 5 феврал,    дар ҷаласаи навбатии КМИР қарори дахлдор қабул карда шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ медиҳад, ки ҷаласа таҳти роҳбарии Раиси КМИР Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода баргузор гардид. Дар ҷаласа зикр шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими раванди омодагӣ ба интихобот- ин масъалаи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар доираи муҳлатҳои пешбинигардидаи моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пас аз омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ бо қарорҳои дахлдори худ рӯйхати номзадҳоро аз  Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 26 нафар, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар, Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ҳайати 4 нафар, Ҳизби Сосиал-Демократи Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ба қайд гирифт.

Инчунин дар ҷаласа қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи аккредитатсияи миссияи  нозирони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва аз Ҷумҳурии Беларус қабул гардид.

Февраль 5, 2020 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид