ФУТЗАЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Малайзия ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бозии даври охирини Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020 байни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Малайзия баргузор гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин вохӯрии ҷолиб футзалбозони тоҷик рақиби худ- дастаи мунтахаби футзали Малайзияро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб намуданд. Аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон голҳоро ба дарвозаи ҳариф Умед Кузиев (се гол) ва Иқбол Воситзод заданд. Қаблан футзалбозони тоҷик аз дастаҳои мунтахаби Эрон бо ҳисоби 2:3, Таиланд-2 бо натиҷаи 2:4 ва Таиланд бо ҳисоби 0:2 мағлуб гардида буданд. Ҳамин тавр дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон рақобати хешро дар ин мусобиқа ба анҷом расонид.
Мусобиқаи «SAT International Futsal Championship 2020» дар Тайланд
Даври 4-ум
Малайзия – ТОҶИКИСТОН – 0:4
Голҳои Тоҷикистон: Умед Кузиев (3), Иқбол Воситзода.








Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






