Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии санҷишӣ дастаи даниягии «КФУМ Роскилле»-ро мағлуб карданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бозии санҷишии навбатии хешро зимни ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия баргузор намуд. Ин маротиба шогирдони Мубин Эргашев дастаи даниягии «КФУМ Роскилле»-ро бо натиҷаи 2:1 мағлуб карданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, голҳоро аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Сунатулло Исмоилов ва Муҳаммадалӣ Азизбоев ба ҳадаф расониданд. Дар даври ниҳоӣ футболбозони ҷавони тоҷик бо дастаи ҷавонони «ССКА»-и Москва рақобат мекунанд.
Хотиррасон мешавем, ки шогирдони Мубин Эргашев чанде пеш бо дастаи дуюми «Спартак»-и Москва дидор анҷом дода буданд. Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи «Эвренсеки» хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 3:2 ба нафъи футболбозони ҷавони тоҷик хотима ёфта буд.
Аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ислом Зоиров дар ин бозӣ се гол ба нишон расонид.
Бозии санҷишӣ
ТОҶИКИСТОН (U-19) – «Спартак» (ҷавонон) – 3:2
Голҳо: Ислом Зоиров (3) – Аслан Муталиев, Иля Левченков.
Бозии санҷишӣ
ТОҶИКИСТОН (U-19) – «КФУМ Роскилле» (U-19, Дания) – 2:1
Голҳои Тоҷикистон: Сунатулло Исмоилов, Муҳаммадалӣ Азизбоев.
ТОҶИКИСТОН (U-19): Самандар Каримов, Исроил Холов, Асадбек Зиёзода, Алиҷон Кароматуллозода, Маҳмуд Пиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Ибрагим Зокиров, Шуҳрат Элмуродов, Умеҷон Холиқов, Азизбек Ҳасанов, Сунатулло Исмоилов.
19 феврал. Анталия, Туркия.








Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд






