Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии санҷишӣ дастаи даниягии «КФУМ Роскилле»-ро мағлуб карданд

Февраль 20, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол бозии санҷишии навбатии хешро зимни ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия баргузор намуд. Ин маротиба шогирдони Мубин Эргашев дастаи даниягии «КФУМ Роскилле»-ро бо натиҷаи 2:1 мағлуб карданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, голҳоро аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон  Сунатулло Исмоилов ва Муҳаммадалӣ Азизбоев ба ҳадаф  расониданд. Дар даври ниҳоӣ футболбозони ҷавони тоҷик бо дастаи ҷавонони «ССКА»-и Москва рақобат мекунанд.

Хотиррасон  мешавем, ки    шогирдони Мубин Эргашев чанде пеш бо дастаи дуюми «Спартак»-и Москва дидор анҷом дода буданд. Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи «Эвренсеки» хеле ҷолиб сурат  гирифта, бо ҳисоби  3:2 ба нафъи  футболбозони ҷавони  тоҷик хотима ёфта буд.

Аз ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон Ислом Зоиров дар ин бозӣ се гол ба нишон расонид.

Бозии санҷишӣ

ТОҶИКИСТОН (U-19) – «Спартак» (ҷавонон) – 3:2

Голҳо: Ислом Зоиров (3) – Аслан Муталиев, Иля Левченков.

Бозии санҷишӣ

ТОҶИКИСТОН (U-19) – «КФУМ Роскилле» (U-19, Дания) – 2:1

Голҳои Тоҷикистон: Сунатулло Исмоилов, Муҳаммадалӣ Азизбоев.

ТОҶИКИСТОН (U-19): Самандар Каримов, Исроил Холов, Асадбек Зиёзода, Алиҷон Кароматуллозода, Маҳмуд Пиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Ибрагим Зокиров, Шуҳрат Элмуродов, Умеҷон Холиқов, Азизбек Ҳасанов, Сунатулло Исмоилов.

19 феврал. Анталия, Туркия.

Февраль 20, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд