Дар Вазорати кишоварзӣ масъалаи муҳофизати растаниҳо ва мубориза бар зидди малахро муҳокима намуданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2020. /АМИТ «Ховар»/ Дар Вазорати кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявии муҳофизати растаниҳо, мубориза бар зидди малах ва дигар зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ доир гардид.
Дар ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода иброз дошт, ки «яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ин андешидани тадбирҳои пешгирии саривақтӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашароти зараррасон мебошад. Соли 2019 мутахассисони вазорат ва зерсохторҳои он бо истифода аз техникаву таҷҳизотҳои муосир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста чорабиниҳои муҳофизатии пешгирӣ аз касаливу ҳашароти зараррасонро гузаронида, зироатҳои кишоварзиро аз зарар ва нобудшавӣ эмин нигоҳ доранд».
Сипас аз ҷониби иштирокдорон доир ба мубориза бар зидди малах маърӯзаҳо пешниҳод гардид.
Ба гуфти сардори Муассисаи давлатии «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» Аҳмадҷон Қодиров, имсол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки майдони умумии боғҳо 158937 гектар ва токзор 38109 гектарро ташкил медиҳад, коркарди байниқаторҳо 92561 гектар, ба шаклдарорӣ 104683 гектар, яхобмонӣ 38539 гектар, коркарди кимёвӣ 49634 гектар гузаронида шуд, ки ин усулҳо барои кам кардани пайдошавии организмҳои зараррасон мусоидат намуд.
Вазири кишоварзӣ ба аъзоёни ситод ва масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки чун фасли тирамоҳ ва зимистони имсола нисбат ба солҳои қаблӣ боришоти барф кам буд, пайдо гардидани ҳаргуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон бахусус ҳашароти зиёновар малах аз эҳтимол дур нест.
Мавсуф иброз намуд, ки моро лозим аст, ки ҳарчӣ бештар мубориза бар зидди касаливу ҳашароти зараррасонро хуб ба роҳ монда, барои пешгирии паҳншавии онҳо дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешем, то ки меҳнати бо ранҷпарваридаи кишоварзонро аз зараррасонҳо эмин нигоҳ дорем.
Дар ҷамъбасти ҷаласа як зумра пешқадамони соҳа барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзӣ қадрдонӣ шуданд.








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






