Зафар Шарифзода: «Дар сохтмони роҳҳо ва корҳои бетонӣ аз маҳсулоти ватанӣ бештар истифода менамоем»
ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зимни сохтмони роҳҳо ва корҳои бетонӣ дар баробари дигар маҳсулоти хориҷӣ мо дар навбати аввал бештар ба маҳсулоти ватанӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоем. Ин нуктаро имрӯз, 14 феврал, зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе –Чаноқ» Зафар Шарифзода дар ҳузури хабарнигорон баён намуд.
Мавсуф гуфт, ки ба зиммаи муассиса Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихум, қитъаҳои А ва Ф, Лоиҳаи «Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз км 48 то км 80», омодасозии Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии пешакии роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, омодасозии Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии пешакии роҳи мошингарди Лаби Ҷар – Қалъаихум, Лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихум – Ванҷ (сарҳади ноҳияи Рӯшон) буда, корҳо дар ин самт бо суръати баланд ҷараён доранд. Ин албатта, дар оянда барои расидан ба яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ва ба мамлакати транзитӣ табдил ёфтани он мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки ҳайати коршиносони Пажӯҳишгоҳи банақшагирӣ ва лоиҳакашии роҳҳои мошингарди Чин аз 8 август то 10 сентябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд ва бо назардошти боздид аз минтақаи роҳи лоиҳавӣ корҳои омӯзишӣ-тадқиқотӣ барои омодасозии Асосноккунии техникӣ-иқтисодиро анҷом доданд.
Айни замон, аз ҷониби Мушовир оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи мулоқот оид ба шарҳи асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони қисмати калидии марҳилаи дуюми роҳҳои Тоҷикистон пайваст бо Чин аз ҳисоби кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин барои баррасӣ ва мувофиқа ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






