Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштинро дар ноҳияи Темурмалик ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни аҷдодии тоҷикон-Наврӯзи хуҷастапай дар Ҷамоати деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалик мусобиқаи гӯштин баргузор шуд. Дар он беҳтарин гӯштингирон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ширкат варзиданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.