ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ – ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ. Андешаҳои Рустам Ҳайдаров дар робита ба суханронии таърихии Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат
ДУШАНБЕ, 29.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи имсолаи Ватан бо суханронии таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18 марти соли 2020 оғоз гардид. Ба назари мо, мазмуну мӯҳтавои ин суханронии Сарвари давлат, бешубҳа, ҳамчун самти стратегияи миллӣ оид ба ташаккул ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникӣ дар ҷомеа пазируфта шуд.
Чуноне ки Президенти мамлакат зимни суханрониашон барҳақ зикр намуданд, “асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.
Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.”
Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки барои рушди илму маориф ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи тоҷик, хусусан дар самти аз худ намудани донишҳо ва технологияҳои замонавӣ, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон иқдоми назаррас амалӣ шуданд. Дар замони Истиқлол барои фаъол гардонидани табодули тачрибаи олимони мамлакат ва таҳқиқоти онҳо бо олимону марказҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ, аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ бо давлатҳои пешқадами дунё — ИМА, Германия, Япония, Чин, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Франсия ва дигарон созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи илму маориф имзо гаштанд, ки он ба муҳаққиқони варзидаю ҷавони тоҷик барои сайқал додани дониш ва давом додани пажуҳиш дар марказҳои пешқадами илмии давлатҳои мазкур имконият фароҳам овард. Ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар даврони Истиқлол принсипи ҳамбастагии наслҳои муҳаққиқонро дар илми тоҷик таъмин намуд ва он аз дастовардҳои илми ҷаҳонӣ, хусусан дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ бенасиб намонд. Илми тоҷик давоми қариб 30 соли Истиқлоли давлатӣ бо сиёсати олимпарваронаи Пешвои миллат рушду нумуъ карда истодааст. Сарвари давлат ба ҳамин хотир гуфтанд, ки “дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад”.
Имрӯз мо бо дастовардҳои олимони тоҷик дар давраи Истиқлол дар бисёр самтҳо фахр менамоем. Аммо ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати дигаргуншавии доимӣ қарор ёфта, таҳдид ва чолишҳои нав эҷод менамояд, ки ин раванд аз мо, олимони тоҷик, таҳлилу таҳқиқ ва вокунишҳои илман асоснокшударо ба ин зуҳурот тақозо менамояд. Ба назари мо, рисолати олимон аз ташаккул ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа иборат аст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ зоҳир намудани Сарвари давлат ба масоили ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникӣ дар ҷомеаи тоҷик, албатта, зарурати объективӣ дорад. Бо мафҳуми ҷаҳонбинии илмӣ олимон тасаввуротро дар бораи зуҳуроте, ки мавриди омӯзиши илмӣ асту онро илм ба мо дастрас менамояд, маънидод мекунанд. Ба шахсони илмҷӯ маълум аст, ки ҷаҳонбинии илмӣ ҷаҳонбиниест, ки бар принсипҳо ва қонунҳо асос ёфта, борҳо бо усули илмӣ исбот гардида, дар маҷмӯъ бо амалияи инсон тасдиқ шудааст.
Ҷаҳонбинии илмӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар ҳаёти инсоният ҷойгоҳи мухталифро ишғол кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки дар давраи ҳокимияти таассуби (фанатизми) динӣ нақши илму ҷаҳонбинии илмӣ тамоман коҳиш меёфт. Аммо дар тӯли муқовимати фаъоли олимони равшанфикру илмпарвар бар зидди қишрҳои динзадаи мутаассиб нақши ҷаҳонбинии илмӣ тадриҷан пурзӯр мегардид ва он дар тафаккуру шуури аксарияти ҷомеа мавқеи ҳукмронро ишғол мекард. Яъне дар ҳар давраи таърихӣ агар олимону зиёиён бетарафиро ишғол намуда, аз мавқеи илму маърифат дар ҷомеа ҳимоя накунанд, пас дар чунин ҷомеа мутаассибони динӣ ва шахсони динзадаву ҷоҳил ғолиб омада, барои бунёди давлати динмеҳвару ҷомеаи ҷаҳолатпараст кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар сурати паҳншавии чунин идеологияи динмеҳвар, чуноне ки таҷрибаи талхи миллати тоҷик нишон медиҳад, маҳз олимону аҳли зиё, муаллимон ва эҷодкорон ҳадафи тахрибкоронаи ифротгароёни динӣ мегарданд.
Вобаста ба ин Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки “хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ яке аз хатарҳои ба ояндаи босуботи мардуми мо таҳдидкунанда мебошад. Аксари мардуми мо ба зиндагӣ ва воқеият аз нуқтаи назари мантиқ, илм ва ҷаҳонбинии илмӣ баҳо намедиҳанд. Ба назари мо, як сабаби пеш нарафтани тафаккури мардум ҳамин омил мебошад. Аз ин рӯ, олимони сиёсатшинос, файласуфҳо ва умуман, ҷомеашиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои зуҳури ақидаҳои хурофотӣ, шиддат гирифтани ифратгароии динӣ ва оқибатҳои онҳоро таҳқиқ карда, роҳҳои аз байн бурдани хурофот ва сабабу омилҳои дохиливу хориҷии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор диҳанд. Дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик, аз ҷумла ҳизби террористиву экстремистии наҳзат сар зад, олимону мутахассисони беҳтарини мо ба тарки Ватан кардан маҷбур шуданд ва илова ба хисороти зиёде, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва халқи мо расонида шуд, илму маориф низ зиёни бузург дид”.
Ба ҷонибдории суханҳои мантиқан асоснокшудаи Сарвари давлат зикр менамоем, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷомеаи тоҷик мутаассибони динӣ зери шиори ба ном “озодихоҳӣ” ба бунёди ҷомеаи динзадаву ҷаҳолатпараст даст зада, ба куштору таъқиби олимону зиёиён ва равшанфикрони мамлакат машғул гардиданд. Як қисми азими олимони мамлакат, хусусан муҳаққиқони соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар чунин шароит тарки кишвар намуданд. Яъне ифротгароёни динӣ дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта ҳадафмандона ба таъқибу маҳв намудани олимон ва муҳаққиқони барҷастаи институтҳои таҳқиқотии Академияи илмҳои мамлакат даст заданд, зеро онҳо хуб дарк мекарданд, ки агар меҳвари илми тоҷик, яъне Академияи илмҳо фаъолияти худро қатъ намояд, пас яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллӣ, яъне илми миллӣ ҳамчун шоҳсутуни давлати дунявии тоҷикон шикаста мешавад. Аммо, маҳз зиракиву дурандешии сиёсии Президенти Тоҷикистон ба душманони миллати тоҷик имкон надод, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун махзани илмҳои бунёдӣ ва макони олимони тавоно барҳам дода шавад.
Ҳарчанд ки дар давраи баъд аз низои шаҳрвандӣ вазъи иқтисодӣ ва молиявии мамлакат дар ҳолати номуътадил қарор дошт, Пешвои миллат тамоми кӯшишҳои худро барои наҷот ва ҳифзи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуданд. Сарвари давлат бо хислати олимпарваронаи худ дарк карда буданд, ки бо барҳам хӯрдани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойдевори давлати ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷик зарбаи ҷонкоҳ зада мешавад ва роҳ ба сӯи таассуб ва ҷаҳолати динӣ дар ҷомеаи тоҷик фарох мегардад. Наҷот ва таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва инфрасохтории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман соҳаи илму маорифи мамлакат масаъалаи ҳаётан муҳими нахустин давлати дунявии тоҷикон буд ва мо, насли муосири олимони тоҷик ин амали Пешвои миллатро ҳамчун қаҳрамонӣ баҳри боқӣ мондани миллати тоҷик, забону номи тоҷик ва илму фарҳанги миллии тоҷик эътироф менамоем.
Илми миллӣ ба мисли забони миллӣ, фарҳанги миллӣ яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Агар ин рукнҳои калидии миллатпарвар шикаста шаванд, дар тафаккуру шуури дилхоҳ миллати соҳибистиқлол мақоми ҳувияти миллиро ҳувияти динӣ ишғол менамояд. Дар ин ҳолат миллат кӣ будани худ, таърихи худ, гузаштагони худро фаромӯш мекунад ва аз анъанаву фарҳанги миллӣ даст кашида, баъзе намояндагонаш “ДОИШ”-ӣ ва ё “наҳзатӣ” мешаванд. Ҳар миллате, ки ҳувияти миллии худро ҳифз карда натавонист, ба ботлоқи ҷаҳолату таассуби динӣ фурӯ рафт. Мо ин гуна падидаи фалаҷсози миллатҳоро дар баъзе давлатҳои минтақа баръало мушиҳида карда истодаем, зеро ягон идеология ва афкори динмеҳвар натавонист ва наметавонад кафили рушди давлатдории миллӣ гардад. Мо дар оғози Истиқлоли давлатамон шоҳиди он будем, ки мутаассибони динӣ ҳар гуна анъана ва идҳои миллии моро, ки аз аҷдодонамон ба мо мерос мондааст, бидъат меҳисобанд ва то ҳол аз ин афкори ҷоҳилонаи худ даст накашидаанд. Аммо миллати тоҷик, ки бо тамаддунофариаш дар ҷаҳон ном баровардааст, дар таърихи инсоният маҳз бо дастовардҳои илмӣ ва зеҳнӣ, асарҳои бадеӣ, мусиқӣ ва наққошии худ муаррифӣ шудааст. Миллати озодандеши тоҷик давоми таърихи худ маҳз аз ҳисоби фарҳангсолориаш ҳамчун миллат боқӣ мондаасту истилогарони сарзамини аҷдодони мо маҷбур мешуданд ба воситаи ассимилятсияи фарҳангӣ фарҳангу забони моро аз худ намоянд. Ман итминони комил дорам, то он замоне, ки мо, яъне насли имрӯзаи тоҷикон ном ва эҷодиёти гузаштагони худ- анаъанаи шаҳрсозии Саразми Панҷакент, “Шашмақом”, ашъори бо забони ноби тоҷикӣ эҷодшудаи Рӯдакӣ, “Ёддоштҳо”-и Айнӣ С., “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров, ашъори ватандорӣ ва ё “Ватаннома”-и М.Турсунзода ва эҷодиёти ҳазорон олимону зиёиёни миллатамонро ҳифзу таблиғ менамоем ва то он даме, ки ҷашни Наврӯз як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии миллати тоҷик асту боқӣ мемонад, мо ҳамчун тоҷик — миллати куҳанбунёд, тамаддунофар ва фарҳангсолор ҷовидон ҳастем ва хоҳем монд.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат зикр менамоянд, ки “имрӯз рисолати олимони ҷамъиятшинос аз он иборат аст, ки парчамбардорони омӯзишу таҳқиқ ва ташвиқу таблиғи ғояҳои фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон бошанд, аз арзишҳои миллӣ, ки аслу асоси давлатдории миллии дунявии мо маҳсуб мешаванд, бо нангу номуси ватандорӣ дифоъ кунанд ва дар амри густариши худшиносии милливу таърихии насли ҷавон бо кору пайкори худ намунаи ибрат гарданд”.
Дар фарҷоми андешаҳои худ ҳаминро иброз доштан мехоҳам, ки мо, олимони тоҷик чандин сол боз дар ҷустуҷӯи идеяи миллӣ ҳастем. Аммо Пешвои миллат дар суханронии таърихии худ дар мулоқот бо зиёиён дар арафаи Наврӯз-2020 бо як ибораи худ, ба фикри ман, барои ҳамагон идеяи миллии тоҷиконро кашф карданд — омӯзишу таҳқиқ ва ташвиқу таблиғи ғояҳои инсондӯстонаи фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои зеҳнии аҷдодони мо дар арсаи ҷаҳон ва интиқоли ин донишу арзишҳо ба наслҳои ояндаи миллати тоҷик. Тамаддунофарӣ, фарҳангсолорӣ ва илмпарварии тоҷикон бояд ҳамчун хислатномаи миллати мо дар ояндаи дуру наздик дар зеҳни ҷаҳониён таҷассум гардад.
Рустам ҲАЙДАРОВ,
доктори илмҳои фалсафа,
муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон