Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зарари махсусан калони молиявӣ ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор намудани зарари махсусан калони молиявӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки раиси Ассотсиятсияи истифодабарандагони оби «Ҳайдар 2017» дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, шаҳрванд Ю.С. солҳои 2018-2019 аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи мазкур тибқи шартнома ва санадҳои дахлдор 48456 ҳазор м3 оби полезиро ба арзиши 1 миллиону 144 ҳазору 544 сомонӣ қабул намудааст.
Мавсуф бо мақсади тасарруфи молу мулки давлатӣ бо шахсони масъули ҶДММ «Спитамен Текстайл»-и ноҳияи Спитамен маслиҳати пешакӣ намуда, дар ҳисоботи муҳосибӣ маблағи хизматрасонии аз ҳисоби оби полезӣ ҷамъовардашударо нишон надодааст.
«Ӯ дар ин муддат ба хазинаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия танҳо 269 ҳазору 904 сомонӣ пардохт ва 854 ҳазору 640 сомонии боқимондаро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба давлат зарари махсусан калони молиявӣ расонидааст»,- омадааст дар иттилоияи манбаъ.
Оид ба ин ҳолат нисбат ба номбурда ва шахсони ба ин ҳодиса шарик бо моддаи 245 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






